ХОВАЛИНГ: ИФТИТОҲИ БИНОИ ХОБГОҲИ ОМӮЗГОРОН ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ШУГНОВ
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид имрӯз, 25 октябр, зимни сафари корӣ дар деҳаи Сиёҳфарки ҷамоати деҳоти Шугнови ноҳияи Ховалинг бинои хобгоҳи омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 7-ро ба истифода доданд.
Хобгоҳ барои омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7 дар доираи Нақшаи корҳои ободонию бунёдкориҳо бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шудааст.
Иттилоъ дода шуд, хобгоҳ бо тариқи ҳашар аз тарафи соҳибкорони маҳалии деҳаи Сиёҳфарк сохта шуда, барои таъмини 21 омӯзгор бо ҷойи хоб бо тамоми шароит пешбинӣ шудааст.
Ҳамчунин 2 утоқ барои оилаҳо пешбинӣ шудааст. Бино аз ду ошёна иборат буда, аз 7 утоқи хоби 3 нафара, 2 утоқи оилавӣ, 1 ошхона ва 4 ҳаммом иборат мебошад. Арзиши бино 1 миллион сомониро дар бар мегирад.
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид бо омӯзгорон суҳбати самимӣ намуда, иқдоми соҳибкорро намунаи ибрат ва ташаббуси олии ватандӯстона номиданд.
Хурсандиовар аст, ки Ҳукумати кишвар маорифро аз соҳаҳои калидӣ ва пешбарандаи ҷомеа эътироф намуда, омӯзгорону олимонро захираи бузурги зеҳнии ҷомеа медонад ва мақоми олимону омӯзгоронро аз нигоҳи иҷтимоӣ, маънавӣ ва молиявӣ давра ба давра баланд мебардорад.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

