ИФТИТОҲИ 5 КИЛОМЕТР РОҲИ МУМФАРШГАРДИДА ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ШУГНОВИ НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ

ИФТИТОҲИ 5 КИЛОМЕТР РОҲИ МУМФАРШГАРДИДА ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ШУГНОВИ НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ

Имрӯз, 25 октябр, зимни сафари корӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ҷамоати деҳоти Шугнови ноҳияи Ховалинг роҳи мумфаршшудаи аҳамияти маҳаллидоштаи байни деҳаҳот Тиговон – Дашти Руботро ба масофаи 5 километр ифтитоҳ намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки роҳ бо маблағгузории соҳибкорони маҳаллӣ дар доираи Нақшаи корҳои ободонию бунёдкориҳои бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардидааст.

Мумфаршкунии роҳ аз деҳаи Тиговон то деҳаи Дашти Руботи ҷамоати деҳоти Шугнов дар масофаи 5 километр бо маблағи 7 миллиону 200 ҳазор сомониро дар бар гирифтааст. Ду тарафи роҳ бо обпарто ва лулаҳои обгузар таъмин ва 1,2 километр роҳ чароғон карда шуда, ба симои деҳаи Сиёҳфарк ҷиллои тоза бахшидааст.

Қаблан аз таъмирталаб будани роҳ сокинони ин деҳа азият мекашиданд. Бунёди роҳ имкон медиҳад, ки ҳаракати бехатари нақлиёт ва рафтуои сокинон хубтар гардад.

Раиси вилоят Давлаталӣ Саид бунёди роҳи мазкурро аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ шоистаи таҳсин хонда, амалӣ намудани иқдомҳои созандагиро нишонаи баланди муҳаббату садоқати сокинон ба ватан номиданд.

Дар доираи чорабиниҳо ба истиқболи сазовор аз ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бунёду навсозии боз аз садҳо километр роҳҳои дорои аҳамияти маҳаллидошта ба нақша гирифта шудааст.

Ин тадбир ба беҳтар шудани вазъи иқтисодиву иҷтимоии сокинони ноҳия боис шуда, мушкилоти рафтуомади мардум, махсусан ронандагонро бартараф хоҳад кард.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles