Имрӯз, 25 октябр, зимни сафари корӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар деҳаи Сурҳои ҷамоати деҳоти Шугнови ноҳияи Ховалинг пули мошингузарро мавриди истифода қарор доданд.
Сохтмони пули мошингузар аз тарафи соҳибкори ватанӣ Каримов Одина – роҳбари ҶДММ “Ваҳдати Сомон”, дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шуда, мушкилии рафтуомади сокинонро бартараф намуд.
Иттилоъ дода шуд, ки дарозии пули мошингузар 40 метрро ташкил намуда, бо маблағи 2,5 миллион сомонӣ сохта шудааст.
Корҳои асосии сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи сенябри соли 2025 оғоз гардида, 10 нафар сокини маҳаллӣ дар сохтмони пули бо ҷойи кори муввақатӣ ва моаши хуб таъмин карда шуданд.
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид бо сокинон суҳбати самимӣ намуда, иқдоми соҳибкорро намунаи ибрат ва ташаббуси ватандӯстона номиданд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

