РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД МЕҲМОНХОНАИ ЗАМОНАВИИ “ШОҲРОҲ”-РО ДАР НОҲИЯИ ДАНҒАРА ИФТИТОҲ НАМУДАНД
Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Данғара, бо иштироки раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Низом Юсуфӣ дар деҳаи Шаҳбури ҷамоати деҳоти Себистон меҳмонхонаи замонавии “Шоҳроҳ”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Меҳмонхонаи мазкур дар мавзеи зебову назаррабои ноҳия, дар канори шоҳроҳи байналмилалии Душанбе–Данғара–Кӯлоб ҷойгир буда, дорои имкониятҳои васеи хизматрасонӣ ба меҳмонону сайёҳони дохиливу хориҷӣ мебошад.
Бинои меҳмонхона чорошёна буда, бо сабку усули муосири меъморӣ бунёд гардидааст. Дар дохили он утоқҳои барҳавои истироҳатӣ, толорҳои қабул ва нишаст, ҳуҷраҳои оилавӣ муҳайё шудааст.
Дар қабати якуми бино ошхонаи замонавӣ ҷойгир буда, меҳмонон метавонанд дар муҳити орому зебо аз таомҳои миллӣ баҳра баранд.
Шароити мусоиди хизматрасонӣ, сатҳи баланди тозагӣ ва тарҳи ҷолиби дохилии меҳмонхона онро ба яке аз ҷойҳои муносиб барои истироҳат, фароғат ва қабули меҳмонони дохиливу хориҷӣ табдил додааст.
Бунёди чунин иншооти муосир дар ноҳияи Данғара натиҷаи таваҷҷуҳи доимии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи сайёҳӣ ва хизматрасонӣ мебошад. Тибқи ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, соҳаи сайёҳӣ яке аз самтҳои муҳими рушди иқтисодӣ ва муаррифии кишвар дар арсаи байналмилалӣ ба ҳисоб меравад.
Ифтитоҳи меҳмонхонаи “Шоҳроҳ” имконият фароҳам меорад, ки сокинону меҳмонон дар рафти сафарҳои худ аз хизматрасониҳои сатҳи баланд истифода намоянд ва ҳамзамон саҳми он дар рушди иқтисоди маҳаллӣ, афзоиши ҷойҳои корӣ ва болоравии сатҳи зиндагии аҳолӣ назаррас хоҳад буд.
Бо ба истифода додани меҳмонхона 15 нафар ба ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

