ИФТИТОҲИ МАРҲИЛАИ ДУЮМИ ФАЪОЛИЯТИ КОРХОНАИ ҶДММ «ДЕТЕЙН БЕТОН» ДАР МОИ ДАНҒАРА

ИФТИТОҲИ МАРҲИЛАИ ДУЮМИ ФАЪОЛИЯТИ КОРХОНАИ ҶДММ «ДЕТЕЙН БЕТОН» ДАР МОИ ДАНҒАРА

Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Данғара, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодии Данғара ба марҳилаи дуюми фаъолияти корхонаи ҶДММ «Детейн Бетон» ҳусни оғоз бахшиданд.

Корхонаи мазкур бо ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ таъсис ёфта, яке аз аввалин иқдомҳои муваффақ дар самти истеҳсол ва коркарди масолеҳи бетонии сохтмонӣ ба шумор меравад.

Таҷҳизоти истеҳсолии он аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ворид гардида, имкони истеҳсоли намудҳои гуногуни бетон ва дигар масолеҳи сохтмониро бо сифати баланд фароҳам меорад.

Маҳсулоти истеҳсолнамудаи ҶДММ «Детейн Бетон» бо назардошти сифат ва устуворӣ дар бозори дохилӣ талаботи зиёд дошта, ҳамзамон ба кишварҳои ҳамсоя низ содирот мегардад.

Бо ба кор даромадани марҳилаи дуюм иқтидори истеҳсолии корхона ба маротиб афзуда, имкони содироти мунтазам ва таъмини лоиҳаҳои бузурги сохтмонии ҷумҳурӣ бо масолеҳи ватанӣ фароҳам шудааст.

Айни ҳол дар корхона, ғайр аз мутахассисони чинӣ, зиёда аз 30 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши шоиста таъмин мебошанд. Ин иқдом ба беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва коҳиши бекорӣ дар минтақа мусоидат мекунад.

Бунёди чунин иншооти саноатӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии Данғара натиҷаи сиёсати дурандешонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки ҷалби сармояи хориҷӣ, рушди соҳаҳои истеҳсолӣ, афзоиши иқтидори содиротӣ ва таъсиси ҷойҳои нави кориро яке аз ҳадафҳои асосии худ қарор додаанд.

Таъкид гардид, ки Минтақаи озоди иқтисодии Данғара имрӯз ба як маркази муҳими рушди саноат, ҳамкорӣ бо сармоягузорони хориҷӣ ва татбиқи технологияҳои навин табдил ёфтааст.

Пешрафти ин минтақа дар даврони соҳибистиқлолии кишвар далели равшани таваҷҷуҳи пайвастаи Пешвои миллат ба рушди саноат, иқтисодиёт ва фароҳамсозии шароити мусоиди сармоягузорӣ мебошад.

Коргарону мутахассисон иброз доштанд, ки бо роҳнамоӣ ва дастгирии Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон минбаъд низ барои баланд бардоштани ҳаҷми истеҳсолот, таҳкими неруи инсонӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди иқтисодиёти кишвар талош хоҳанд варзид.

Раиси вилоят Давлаталӣ Саид аснои шиносоӣ бо кормандони корхона мулоқот намуда, ба масъулон ҷиҳати истеҳсоли маҳсулоти босифати ва зиёд намудани ҷойҳои нави корӣ дастуру тавсияҳои муфид доданд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

 

Related Articles