ИФТИТОҲИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ № 91 ДАР НОҲИЯИ ДАНҒАРА

ИФТИТОҲИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ № 91 ДАР НОҲИЯИ ДАНҒАРА

Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Данғара, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим дар ҷамоати деҳоти Сафобахш бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №91-ро барои 480 хонанда дар ду баст ифтитоҳ намуданд.

Муассисаи навбунёд бо синфхонаҳои васеъ, озмоишгоҳҳои муҷаҳҳаз, китобхона, утоқҳои фаннӣ ва дигар инфрасохтори муосир таъмин буда, ҷавобгӯ ба талаботи замони имрӯзаи соҳаи маориф мебошад.

Бунёди чунин муассисаҳои таълимӣ боз як далели равшани таваҷҷуҳи хосаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи маориф, баланд бардоштани сатҳи маърифат ва фароҳам овардани шароити арзандаи таълиму тарбия барои насли ҷавон ба ҳисоб меравад.

Дар даврони Истиқлоли давлатӣ садҳо муассисаҳои нави таълимӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат бунёд гардида, мавриди истифода қарор гирифтаанд, ки ин нишони возеҳи сиёсати маорифпарварона ва ғамхории пайвастаи давлату Ҳукумат нисбат ба насли ояндасоз мебошад.

Хонандагону омӯзгорони муассисаи навбунёд бо изҳори сипосмандӣ таъкид доштанд, ки чунин шароити мусоиди таълимӣ онҳоро ба таҳсил, донишандӯзӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди ояндаи Ватан бештар ҳавасманд мегардонад.

Бо раҳнамоии Пешвои миллат ва таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати ҷумҳурӣ дар давраи Истиқлоли давлатӣ соҳаи маориф дар ноҳия пешрафти устувор дошта, ин раванд дар таълими насли бофарҳангу донишманд нақши муҳим мебозад.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни мулоқот бо омӯзгорону хонандагон таъкид намуданд, ки барои омӯхтани забонҳои хориҷӣ, иштирок дар озмуну олимпиадаҳо ва баланд бардоштани обруву эътибори Ватан ҳамеша саъю кӯшиш намоянд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles