БА ИСТИФОДА ДОДАНИ ЧОР ГАРМХОНАИ ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ ВОСЕЪ ДАР ДЕҲОТИ ПУШИНГИ НОҲИЯИ ДАНҒАРА

24 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни сафари корӣ ба ноҳияи Данғара чор гармхонаи наву муосири хоҷагии деҳқонии Восеъро, ки дар деҳоти Пушинг ҷойгир аст, мавриди истифода қарор доданд.

Ин гармхонаҳо бо иқдоми соҳибкорони маҳаллӣ, оилаи Холматовҳо бо мақсади зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ сохта шуда, барои парвариши помидор, бодиринг ва лимӯ пешбинӣ гардидаанд.

Масоҳати умумии гармхонаҳо 10 садяк заминро ташкил дода, дар он тамоми инфрасохтори зарурӣ барои нигоҳдорӣ ва ҷамъоварии маҳсулот фароҳам оварда шудааст. Дар ин ҷо зиёда аз 10 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд. Дар ҳар як гармхона шароити мусоид барои нашъунамои зироатҳо фароҳам оварда шудааст. Системаи обёрии қатрагӣ ва таҷҳизоти идоракунии ҳарорат имконият медиҳад, ки дар як сол ду маротиба ҳосил ба даст оварда шавад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми шиносоӣ бо раванди кор дар гармхонаҳо таъкид намуданд, ки татбиқи чунин лоиҳаҳои кишоварзӣ барои таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти тару тоза ва боло бурдани иқтидори содиротии кишвар аҳамияти калидӣ доранд.

Дар атрофи гармхонаҳо корҳои ободонӣ анҷом дода шуда, гулу буттаҳои ороишӣ ва дарахтони мевадиҳанда шинонида шудаанд, ки ба ҳусни зоҳирии ин мавзеъ зебоӣ мебахшанд.

Баробари ба роҳ мондани таъминоти об дар деҳоти Пушинг, заминҳои бекорхобида дубора ба гардиши кишоварзӣ ворид гардиданд. Ин иқдом имкон дод, ки кишоварзон бо рӯҳияи баланди меҳнатӣ ба парвариши маҳсулоти гуногуни сабзавот машғул шаванд. Ҳамзамон, бо дастгирии соҳибкорони ҳимматбаланд ва мақомоти иҷроияи маҳаллӣ шумораи гармхонаҳои муосир рӯз аз рӯз меафзояд.

Дар ҳамин ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намошгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ дидан намуданд. Дар намоиш намунаҳои беҳтарини маҳсулоти худӣ, аз ҷумла сабзавоту меваҷот, зироатҳои ғалладона ва маҳсулоти ҳамин гармхона пешниҳод шуданд.

Сарвари давлат ба натиҷаи заҳмати кишоварзони хоҷагии деҳқонии Восеъ баҳои баланд дода, фаъолияти онҳоро дар рушди соҳаи кишоварзӣ саҳми арзанда номиданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар анҷоми боздид ба масъулин дастур доданд, ки бо истифодаи самараноки имкониятҳо ҳаҷми истеҳсоли ватаниро афзоиш дода, барои рушди устувори соҳа ба хусус дар шароити гармхона иқдомҳои нав андешанд.

Related Articles