ИФТИТОҲИ МАЙДОНИ ВАРЗИШИИ БОЛОПӮШИДА ДАР ДЕҲАИ ҒАРҒАРАИ ДЕҲОТИ КОРЕЗИ НОҲИЯИ ДАНҒАРА

ИФТИТОҲИ МАЙДОНИ ВАРЗИШИИ БОЛОПӮШИДА ДАР ДЕҲАИ ҒАРҒАРАИ ДЕҲОТИ КОРЕЗИ НОҲИЯИ ДАНҒАРА

23.10.2025

https://president.tj/event/news/53353

Майдони варзишии болопӯшида дар деҳаи Ғарғараи деҳоти Корези ноҳияи Данғара сеюмин иншооти аз ҷониби соҳибкор Ҷомии Абдураҳмон сохта шуда аст, ки дар ҳамин рӯз бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ ёфт.

Иншоот барои баргузории бозии футбол пешбинӣ шуда, рамзи таваҷҷуҳ ба рушди ин навъи варзиш ва сарафрозии соҳибкорон аз ташаббус ва пешниҳоди Раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ вобаста ба эълони рӯзи ҷаҳонии футбол аст, ки соли 2024 аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид.

Майдони варзишии болопӯшида дар масоҳати 20 садяк замини бекорхобида бо паҳноии 22 метр ва дарозии 42 метр бунёд шудааст.

Иншоот бо ҷалби 40 сокини маҳаллӣ ҷавобгӯи талабот сохта шуда, ҳамчун макони баргузории бозиҳои дӯстона ва муттаҳидкунандаи ҷавонон хизмат менамояд.

Тарҳи майдони варзишӣ имкон медиҳад, ки бозиҳои футбол новобаста ба фасли сол ташкил ва баргузор шавад.

Дар шафати иншоот барои бозии волейбол ва дигар машқу тамрин шароит фароҳам оварда шудааст.

Ҳуҷраҳои ивазкунии либос, ҳаммом ва дигар инфрасохтори мавҷуд таваҷҷуҳи ҷавононро ба намудҳои гуногуни варзиш бештар намуда, ба ташаккули тарзи ҳаёти солим нақш мегузорад.

Ҳудуди майдони варзишии болопӯшидаро гулҳои рангин, буттаҳо ва дарахтони ороишву ҳамешасабз зиннат медиҳанд.

Сокинон имкон доранд, ки аз рақобати дастаҳои футбол ва гулгашти ҳудуди он хушу бароҳат тамошо намоянд. Барои ин дар паҳлӯи майдони варзишӣ нишастгоҳҳо насб карда шудааст.

 

Related Articles