ВОСЕЪ. ИФТИТОҲИ БИНОИ НАВУ ЗАМОНАВИИ ОШХОНА ВА МАРКАЗИ ЗАБОНОМӮЗӢ

Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Восеъ, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бинои наву замонавии ошхона ва маркази забономӯзӣ дар кӯчаи А. Қараеви ҷамоати шаҳраки Ҳулбуки ноҳияи Восеъро мавриди истифода қарор доданд.

Ин иншоот дар доираи нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Муҳаммадҷонов Муҳаммадҷон бунёд гардидааст.

Бинои мазкур аз ду ошёна иборат буда, дар он ҳам маркази таълимии забономӯзӣ ва ҳам ошхона бо шароити муосир пешбинӣ шудааст. Иншооти мазкур бо талаботи замони муосир ва бо тарҳи зебо мавриди истифода қарор гирифт.

Барои бунёди иншоот маблағи умумии 1 миллиону 300 ҳазор сомонӣ равона гардида, ин иқдом намунаи равшани дастгирии соҳаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби бахши хусусӣ дар ноҳия маҳсуб меёбад. Баъд аз истифода қарор гирифтани бино, 10 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардид.

Мақсад аз таъсиси маркази забономӯзӣ, фароҳам овардани имконият барои ҷавонону наврасон ҷиҳати омӯзиши забонҳои хориҷӣ, баланд бардоштани савияи дониши забондонӣ ва дар умум рушди неруи зеҳнии насли нав мебошад.

Бунёди чунин иншооти хусусӣ бо дастгирии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон идомаи сиёсати созандаи Пешвои миллатро дар самти рушди инфрасохтор ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ таҷассум мекунад.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles