Имрӯз, 17 октябр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид маҷлиси ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии вилояти Хатлон дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ баргузор гардид. Дар кори маҷлис муовинон ва роҳбари дастгоҳи раиси вилоят, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ, раисони шаҳру ноҳияҳо ва дигар масъулон ширкат варзиданд.
Раиси вилоят зимни ифтитоҳи маҷлис таъкид намуд, ки фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар ин давра ба иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, татбиқи вазифаҳои муайяннамудаи Паёми навбатии Президенти мамлакат ва амалӣ намудани барномаҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ вобаста ба рушди иқтисодиву иҷтимоии минтақа равона гардид.
Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда, нишондиҳандаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоят дар моҳҳои январ-сентябри соли равон бо дастовардҳои назаррас ҷамъбаст гардидааст.
РУШДИ МУСТАҲКАМИ ИҚТИСОДИ ВИЛОЯТ
Муовини раиси вилоят А. Қурбонзода зимни ироаи гузориши муфассал иттилоъ дод, ки нишондиҳандаи кӯтоҳмуддати рушди минтақавӣ дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ 32,1 миллиард сомонӣ буда, суръати воқеии рушд 8,1 фоизро ташкил дод. Ҳиссаи вилояти Хатлон дар нишондиҳандаи умумии ҷумҳурӣ 27,3 фоиз мебошад.
Даромади умумии буҷети вилоят пурра, 100 фоиз, иҷро гардида, воридоти маблағҳо 3 миллиарду 363,6 миллион сомониро ташкил дод. Аз ин шумора андозҳо, бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ, 101,7 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 2 миллиарду 393,7 миллион сомонӣ ворид шудааст, ки 39,6 миллион сомонӣ аз нақша бештар аст.
Аз ҳисоби иҷрои барзиёдии буҷет ба Фонди муътадилгардонӣ ва сохтмони иншооти муҳими давлатӣ 14 миллион сомонӣ равона гардидааст.
ТАЪМИНИ АҲОЛӢ ВА ДАСТГИРИИ ИҶТИМОӢ
Дар вилоят 305 ҳазору 970 нафақагир ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 14 ҳазору 412 нафар зиёд мебошад. Маблағи умумии нафақа 1 миллиарду 318,5 миллион сомонӣ буда, нисбат ба соли гузашта 23,2 фоиз афзоиш ёфтааст. Ба 1 ҳазору 462 нафар ворисони фавтидагон 2,1 миллион сомонӣ кумакпулӣ пардохт шудааст.
Ба ҳолати 12 сентябри соли ҷорӣ 77 ҳазору 734 оила ва шаҳрвандони камбизоат ба маблағи умумии 52 миллион сомонӣ кумакпулӣ дарёфт намудаанд. Дар арафаи ҷашну идҳои миллӣ ба гурӯҳҳои иҷтимоии эҳтиёҷманд, аз ҷумла собиқадорон, ятимон ва хонаводаҳои камбизоат ба маблағи умумии 85,5 миллион сомонӣ кумак расонида шудааст.
ТАТБИҚИ БАРНОМАИ РУШДИ ВИЛОЯТ
Мониторинги иҷрои Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии вилояти Хатлон барои солҳои 2021-2025 нишон медиҳад, ки то 1 октябр 183 лоиҳа ба маблағи 5,9 миллиард сомонӣ (79 фоиз) пурра иҷро шуда, дар 80 лоиҳаи дигар корҳо идома доранд. Дар маҷмуъ, сатҳи иҷрои Барнома 92,6 фоизро ташкил медиҳад.
ФАЪОЛИЯТИ СОҲАҲОИ МОЛИЯВӢ, САРМОЯГУЗОРӢ ВА СОХТМОН
Тибқи маълумоти мақомоти молиявӣ, ташкилотҳои қарзию бонкӣ ба самтҳои гуногуни иқтисодӣ 4,6 миллиард сомонӣ қарз равона кардаанд, ки нисбат ба соли гузашта 27 фоиз зиёд мебошад. Аз ин шумора, 1,4 миллиард сомонӣ ба соҳибкории истеҳсолӣ ва 1 миллиард сомонӣ ба кишоварзӣ бахшида шудааст.
Дар ҳудуди вилоят 42 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ татбиқ шуда, дар доираи онҳо 910,9 миллион доллари ИМА барои соҳаҳои маориф, тандурустӣ, энергетика, нақлиёт ва дигар бахшҳо равона гардидааст.
Ҳаҷми гардиши савдо ба 13,6 миллиард сомонӣ, хизматрасонии пулакӣ ба 2,4 миллиард сомонӣ ва гардиши савдои хориҷӣ ба 348,2 миллион доллари ИМА расидааст.
СОҲАИ МЕҲНАТ ВА ШУҒЛ
Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ 66 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис дода шудааст. Аз ин шумора 60 ҳазор ҷой аз ҳисоби шахсони воқеӣ мебошад. Музди миёнаи меҳнат 2170 сомонӣ буда, нисбат ба соли гузашта 25 фоиз зиёд шудааст.
КИШОВАРЗӢ: АФЗОИШИ ҲОСИЛ
Ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 30,9 миллиард сомониро ташкил дода, афзоиши он 7,5 банди фоизиро дар бар мегирад.
Дар вилоят 182,7 ҳазор тонна пахта, 1,59 миллион тонна сабзавот, 935 ҳазор тонна полезӣ, 346 ҳазор тонна мева, 123 ҳазор тонна ангур, 122 ҳазор тонна гӯшт ва 344 ҳазор тонна шир истеҳсол шудааст.
Дар гармхонаҳои доимӣ ва мавсимӣ дар майдони 2,5 ҳазор гектар 75 ҳазор тонна сабзавот, аз ҷумла 24,5 ҳазор тонна помидор ва 21 ҳазор тонна бодиринг парвариш ёфтааст.
Кишти такрорӣ дар майдони 126 ҳазор гектар гузаронида шуда, боғу токзорҳои нав дар 46 гектар бунёд гардидаанд.
САНОАТ ВА БУНЁДКОРӢ
Дар нуҳ моҳи соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 9,5 миллиард сомонӣ буда, афзоиш нисбат ба соли гузашта 7,4 фоизро ташкил дод. Аз ҳисоби соҳибкорони маҳаллӣ 66 корхона ва коргоҳи нави саноатӣ бо 537 ҷойи корӣ ифтитоҳ гардид.
Дар соҳаи сохтмон 2,6 миллиард сомонӣ сарф шудааст. Дар доираи омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз 6260 иншооти банақшагирифташуда 5955-тоаш (95 фоиз) ба истифода дода шудааст.
Дар масофаи умумии 2208 километр роҳ таъмиру азнавсозӣ гардидааст.
МАОРИФ, ТАНДУРУСТӢ ВА ФАРҲАНГ
Дар вилоят 1403 муассисаи таълимӣ, инчунин 18 муассисаи томактабии хусусӣ фаъолият доранд. Сатҳи фарогирии кӯдакон ба кӯдакистонҳо ба 24,7 фоиз расидааст.
Дар муассисаҳои тандурустӣ 4665 табиб ва 21 ҳазор корманди миёнаи тиб фаъолият доранд. Дар нуҳ моҳ ба маблағи 37 миллион сомонӣ хизматрасонии пулакӣ ва ба қадри 8,4 миллион сомонӣ хизматрасонии ройгон ба аҳолӣ расонида шудааст.
Бо ташаббуси раиси вилоят Китобхонаи вилоятии ба номи Шамсиддин Шоҳин бо харҷи беш аз 3 миллион сомонӣ пурра таҷдид ва бо таҷҳизоти муосир таъмин гардид.
Варзишгарони вилоят дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ 2217 медал ба даст оварданд.
РУШДИ САЙЁҲӢ ВА ИҚДОМҲОИ ТАЪСИРБАХШ
Дар нуҳ моҳи соли 2025 ба вилояти Хатлон 928 ҳазор сайёҳ, аз ҷумла 95 ҳазор сайёҳи хориҷӣ ташриф овардаанд.
Форуми байналмилалии “Хатлон – қалби гарми сайёҳӣ”, ки дар шаҳри Кӯлоб баргузор шуд, барои муаррифии имкониятҳои нави сайёҳӣ ва густариши ҳамкориҳои хориҷӣ мусоидат намуд.
ВАЗИФАГУЗОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТ
Дар идома раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз масъулони сохторҳои вилоятӣ ва раисони шаҳру ноҳияҳо вобаста ба нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ пурсиш карда, барои ҳаллу фасли мушкилоти ҷойдошта дар соҳаҳои алоҳидаи фаъолият масъалагузорӣ намуд.
Дар анҷоми маҷлис раиси вилояти Хатлон фаъолияти сохторҳои вилоятӣ ва мақомоти маҳаллиро мусбат арзёбӣ намуда, ҳамзамон ба роҳбарони шаҳру ноҳияҳо дастур дод, ки:
– ҷиҳати татбиқи босамари ҳадафҳои стратегии мамлакат ва барномаҳои давлатӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд;
– ба рушди истеҳсолот, соҳибкории хурду миёна ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ диққати бештар диҳанд;
– барои фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагии мардум, иҷрои пурраи нақшаҳои буҷет ва ҷамъоварии маҳсулоти кишоварзӣ талош намоянд;
– омодагии ҳамаҷонибаро ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин созанд.
“Дар баробари муваффақиятҳо ҳоло низ захираҳои истифоданашудаи зиёд мавҷуданд. Бовар дорам, ки бо заҳмати содиқонаи мардуми Хатлон ва ҳисси баланди масъулиятшиносии роҳбарон мо тамоми нақшаҳоро дар сатҳи сазовор амалӣ хоҳем кард”, – таъкид намуд раиси вилоят Давлаталӣ Саид.
Пас аз анҷоми ҷаласа як қатор фаъолони шаҳру ноҳияҳои вилоят барои саҳми муносиб гузоштан дар рушди соҳаи пахтакорӣ бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии раиси вилояти Хатлон қадрдонӣ карда шуданд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон