Имрӯз, 14 октябр, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар ноҳияи Вахш аз фаъолияти корхонаи коркарди пахтаи ҶДММ «Насми Вахш ОСК» боздид намуда, дар маросими ҳавасмандгардонии хоҷагиҳои деҳқонӣ иштирок ва ба онҳо тӯҳфаҳо тақдим намуданд.
Бояд зикр намуд, ки пахтакорони ноҳияи Вахш дурнамои ҷамъоварии пахтаро 100 фоиз иҷро намуда, то имрӯз 19 ҳазору 802 тонна “тиллои сафед” ҷамъоварӣ кардаанд.
Зимни мулоқоти самимӣ бо хоҷагидорон ва раисони ҷамоатҳо раиси вилоят Давлаталӣ Саид иҷрои нишондоди дурнамои истеҳсолии пахтаро бо хушнудӣ пазируфта, ин дастоварди назаррасро ба онҳо ва кулли пахтакорони ноҳия табрику муборакбод намуданд.
Инчунин, раиси вилоят ба масъулини соҳа, хоҷагидорону мутахассисон, деҳқонон, обмонҳо, механизаторон ва чинакчиёни чобукдаст, ки дар кишту парвариш, ҷамъоварӣ ва оростани хирмани имсола саҳми худро гузоштаанд, изҳори сипос намуданд.
Зикр гардид, ки имрӯзҳо дар пахтазор ҳосил фаровон буда, зарур аст, ки ҳосили рӯёнидашударо бо истифода аз рӯзҳои офтобӣ беталаф ҷамъоварӣ намоянд.
Пахтакорону роҳбарони хоҷагиҳо изҳор доштанд, ки бо истифода аз дастгириву ғамхориҳои давлату Ҳукумат минбаъд низ барои афзоиши истеҳсоли пахта ва беҳтар намудани сифати он кӯшиш хоҳанд кард.
Дурнамои 19 шаҳру ноҳияҳои пахтакори вилояти Хатлон имсол 254300 тонна мебошад, ки то имрӯз 211819,6 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки ин баробари 83 дарсади дурнамои солона мебошад.
Дар байни 19 шаҳру ноҳияҳои пахтакор то ин имрӯз шаш шаҳру ноҳия – Левакант, Бохтар, Дустӣ, Ёвон, Данғара ва Вахш пурра аз иҷрои дурнамои пахта баромадаанд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон