НАҚШАИ ДАЪВАТИ ҲАРБӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН 91% ИҶРО ШУД

Нақшаи даъвати тирамоҳии наваскарон ба сафи ҷузъу томи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 78% иҷро гардида, наздики 30 шаҳру ноҳияи кишвар аз иҷрои пурраи нақшаи даъват гузориш додаанд. Дар ин бора Вазорати мудофиаи кишвар хабар медиҳад.

Тибқи маълумот, бо оғоз гардидани даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ дар нахустин рӯзи даъват, аввалин шуда дар ҷумҳурӣ шаҳру навоҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз иҷрои пурраи нақшаи пешбинишуда гузориш доданд.

“Натиҷаи фаъолияти хуби масъулини мақомоти вобастаи давлатии даъват дар вилояти Хатлон аст, ки дар ҷараёни 10 рӯзи даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ ноҳияҳои Вахш, Балҷувон, Ховалинг, Норак, Ёвон, Фархор, Хуросон, Левакант, Бохтар, Носири Хусрав, Дустӣ, Шаҳритус ва Ҷайҳун аз анҷоми даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ гузориш доданд ва дар вилояти Хатлон бошад иҷрои нақша 91 фоизро ташкил медиҳад”, – омадааст дар иттилоия.

Ҳамин тариқ, бо дарки баланди масъулияти шаҳрвандӣ ҳамарӯза ҷавонони пойтахт низ чун дигар сокинони сарбаланду шарафманди кишвар ба комиссариатҳои ҳарбии маҳалли зисти хеш ҳозир гардида, омодагии худро баҳри хизмат ба халқу Ватан дар сафи Артиши миллӣ иброз медоранд. Аз ин ҷост, ки иҷрои нақшаи даъват дар шаҳри Душанбе ба 71 фоиз баробар мебошад.

Ҳамзамон, бояд гуфт, ки ноҳияҳои Рашт, Сангвор, Лахш, Нуробод ва Тоҷикобод низ дар рӯзҳои нахустини ин чорабинии муҳими сиёсӣ нақшаи пешбинишударо оид ба гусели ҷавонписарони синни даъватӣ сад фоиз ба анҷом расониданд ва иҷрои нақша дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ айни ҳол ба 72 фоиз баробар мебошад.

Бо ҳамин тартиб, нақшаи даъвати шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дар давоми 10 рӯзи ҷараёни ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар вилояти Суғд 64 фоиз иҷро гардида, масъулини мақомоти вобастаи давлатии даъвати ноҳияи Айнӣ бошанд, нақшаи пешбинигардидаро пеш аз муҳлат пурра иҷро намудаанд.

Related Articles