Имрӯзҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон маъракаи чиниши пахта бо маром идома дошта, ба ҳолати 13 октябри соли равон 208 ҳазору 653 тонна “тиллои сафед” ҷамъоварӣ шудааст.
Ин нишондод 82 фоизи нақшаи умумии вилоятро дар бар мегирад. Пахтакорони вилоят нақша доранд 254 ҳазору 300 тонна ин ашёи хоми саноатиро ҷамъоварӣ намоянд.
Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷаласаи васеи ҳукумат ба кишоварзон баён доштанд, имсол дар вилояти Хатлон дар майдони 123037 гектар пунбадона кишт карда шуд, ки аз ин шумор 41 ҳазор гектараш бо усули нави зери плёнка кишт карда шудааст.
Хоҷагиҳои пахтакори вилоят азм доранд аз ин рӯзҳои офтобӣ пурсамар истифода бурда, то кӯраки охирин ин дурри гаронбаҳои саноатиро беталаф ҷамъоварӣ намоянд.
Дар байни 19 шаҳру ноҳияҳои пахтакори вилояти Хатлон то ин имрӯз панҷ шаҳру ноҳия – Левакант, Бохтар, Дустӣ, Ёвон ва Данғара пурра аз иҷрои нақшаи пахта баромадаанд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон