ИШТИРОКИ ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ҶАЛАСАИ АССАМБЛЕЯИ БАЙНИПАРЛАМЕНТИИ ДАВЛАТҲОИ ИШТИРОКЧИИ ИДМ

Аз 8 то 10 октябр дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия ҷаласаҳои навбатии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Ассамблеяи парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ баргузор гардиданд. Дар ин ҳамоишҳо роҳбарону вакилони парламентҳои кишварҳои узв масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои байнидавлатӣ, тавсеаи заминаҳои қонунгузорӣ ва таъмини амнияти минтақавиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин чорабиниҳои сатҳи баланд ҳайати намояндагони Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагӣ намуд. Дар ҳайат раиси Кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба иқтисод ва коммуникатсия, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид низ ҳузур дошт.

Ҳамоиш бо муколамаи самаранок ва таъкид ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳои байнипарламентӣ анҷом ёфт.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

 

Related Articles