ХУШХАБАР: НОҲИЯИ ЁВОН НИЗ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО ИҶРО КАРД

Имрӯз, 7 октябр, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар ноҳияи Ёвон аз фаъолияти корхонаи коркарди пахтаи ҶДММ «Сафир» боздид намуда, дар маросими ҳавасмандгардонии хоҷагиҳои деҳқонӣ иштирок ва ба онҳо тӯҳфаҳо тақдим намуданд.

Зикр шуд, ки фаъолияти мунтазами чунин корхонаҳо барои афзоиши арзиши иловагии маҳсулоти ватанӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ аҳамияти калон дорад.

Бояд зикр намуд, ки пахтакорон ноҳияи Ёвон нақшаи ҷамъоварии пахтаро 100 фоиз иҷро намуда, то имрӯз 22 ҳазору 268,4 тонна “тиллои сафед” ҷамъоварӣ кардаанд. Ин рақам дар миқёси шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон аз лиҳози иҷрои дурнамо ҷойи чорумро нишон диҳад ҳам, вале аз ҷиҳати ҳаҷми супориш дар сатҳи вилояти Хатлон ва дар байни шаҳру ноҳияҳои кишвар ноҳияи Ёвон бо нишондиҳандаҳои баланди истеҳсолӣ ва дар муҳлати кутоҳтарин таъмин намудан, мавқеи якумро сазовор гардид.

Бояд гуфт, ки чунин дастовард дар даврони соҳибистқлолӣ бори аввал ба кишоварзону пахтакорони ноҳия муяссар шудааст, ки барои тамоми мардуми заҳматкаши ноҳия рӯйдоди таърихист.

Зимни мулоқоти самимӣ бо хоҷагидорон ва раисони ҷамоатҳо раиси вилоят Давлаталӣ Саид зарурати истифодаи самараноки ҳар як порчаи замин, таъмини саривақтии обёрӣ ва тавсеаи заминҳоро таъкид карда, ҳавасмандгардонии меҳнати пахтакоронро омили муҳими рушди устувори соҳаи кишоварзӣ донистанд.

Пахтакорону роҳбарони хоҷагиҳо изҳор доштанд, ки бо истифода аз дастгириву ғамхориҳои давлату Ҳукумат минбаъд низ барои афзоиши истеҳсоли пахта ва беҳтар намудани сифати он кӯшиш хоҳанд кард.

Дар ҳудуди ноҳияи Ёвон имсол дар майдони 10485 гектар кишти пахта гузаронида шудааст. Дар ноҳия 2384 хоҷагии пахтакор буда, пахтакорон талош доранд, ҳосили боқимондаро беталаф ҷамъоварӣ намоянд.

Нақшаи 19 шаҳру ноҳияҳои пахтакори вилояти Хатлон имсол 254300 тонна мебошад, ки то имрӯз 189941,9 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки ин баробари 74,69 дарсади нақшаи солона мебошад.

Дар байни 19 шаҳру ноҳияҳои пахтакори вилояти Хатлон то ин имрӯз чор шаҳру ноҳия – Левакант, Бохтар, Дустӣ ва ноҳияи Ёвон пурра аз иҷрои нақшаи пахта баромадаанд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles