ХУШХАБАР: НОҲИЯИ ДАНҒАРА НИЗ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО ИҶРО КАРД

Имрӯз, 11 октябр, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар ноҳияи Данғара аз фаъолияти корхонаи коркарди пахтаи «Ҷунтай-Данғара-Синсилу» боздид намуда, дар маросими ҳавасмандгардонии хоҷагиҳои деҳқонӣ иштирок ва ба онҳо тӯҳфаҳо тақдим намуданд.

Зикр шуд, ки фаъолияти мунтазами чунин корхонаҳо барои афзоиши арзиши иловагии маҳсулоти ватанӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ аҳамияти калон дорад.

Бояд зикр намуд, ки пахтакорон ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахтаро 100 фоиз иҷро намуда, то имрӯз 10 ҳазору 700 тонна “тиллои сафед” ҷамъоварӣ кардаанд.

Зимни мулоқоти самимӣ бо хоҷагидорон ва раисони ҷамоатҳо раиси вилоят Давлаталӣ Саид зарурати истифодаи самараноки ҳар як порчаи замин, таъмини саривақтии обёрӣ ва тавсеаи заминҳоро таъкид карда, ҳавасмандгардонии меҳнати пахтакоронро омили муҳими рушди устувори соҳаи кишоварзӣ донистанд.

Пахтакорону роҳбарони хоҷагиҳо изҳор доштанд, ки бо истифода аз дастгириву ғамхориҳои давлату Ҳукумат минбаъд низ барои афзоиши истеҳсоли пахта ва беҳтар намудани сифати он кӯшиш хоҳанд кард.

Нақшаи 19 шаҳру ноҳияҳои пахтакори вилояти Хатлон имсол 254300 тонна мебошад, ки то имрӯз 202592,2 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки ин баробари 80 дарсади нақшаи солона мебошад.

Дар байни 19 шаҳру ноҳияҳои пахтакори вилояти Хатлон то ин имрӯз панҷ шаҳру ноҳия – Левакант, Бохтар, Дустӣ, Ёвон ва Данғара пурра аз иҷрои нақшаи пахта баромадаанд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles