ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ОМӮЗГОРОН
Омӯзгорони гиромӣ, устодони арҷманд!
Ҳамасола иди касбии омӯзгорон дар рӯҳияи баланди инсондӯстӣ, ватандорӣ, ифтихор аз амалҳои созандагӣ ва ободкорӣ дар татбиқи сиёсати хирадмандона ва маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи ҷашнҳои фархундаи миллию давлатӣ ва дигар санаҳои муҳими таърихӣ ҷашн гирифта мешавад.
Дар ин лаҳзаҳои фараҳбахш кулли омӯзгорону мураббиён ва аҳли маорифи вилояти Хатлонро ба муносибати Рӯзи омӯзгорон табрику таҳният гуфта, ба онҳо, пеш аз ҳама, саломатӣ, саодату сарбаландӣ, зиндагии шоиста, навҷӯию тозакорӣ, расидан ба дастовардҳои назарраси меҳнатӣ, илмиву омӯзгорӣ ва эҷодӣ таманно менамоям.
Ҳукумати мамлакат дар доираи Стратегияи миллии рушди соҳаи маориф ҷиҳати беҳтар намудани сифати таҳсил ва мутобиқ намудани он ба бозори меҳнати дохилию хориҷӣ ислоҳоти ҷиддиеро амалӣ намуда истодааст.
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақому нақши омӯзгорро дар ҷомеа баланд арзёбӣ намуда, таъкид менамоянд, ки «Омӯзгорӣ муқаддастарин пешаи рӯйи олам аст. Бедории фикр, покизагии ахлоқ ва ташаккули ақлонии инсон маҳсули ранҷу машаққати омӯзгорон мебошад. Миллате, ки ба илму дониш ва фарҳангу маънавиёт арҷ мегузорад, миллати ояндадор ва тавонову соҳибтамаддун аст. Ҷомеае, ки ба аҳли маориф, ба устод-омӯзгор, зиёӣ эҳтиром намегузорад, ба пешрафт муваффақ шуда наметавонад».
Воқеъан дар даврони соҳибистиқлолӣ бо дастгириҳои бевоситаи Роҳбари давлат дар кишвар таваҷҷуҳ ба бунёди маорифи миллӣ ва ворид гардидан ба фазои таҳсилоти байналмилалӣ ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор гирифтааст.
Тавассути сиёсати маорифпарваронаи Сарвари давлатамон музди маоши омӯзгорон давра ба давра зиёд мегардад. Аз ҷумла, аз санаи 1 сентябри соли равон дар ҳаҷми 30 фоиз зиёд гардидани маоши омӯзгорон боз як ғамхории навбатии Ҳукумати ҷумҳурӣ нисбат ба зиёиён маҳсуб меёбад.
Мавриди зикр аст, ки дар даврони Истиқлол барои рушди соҳаи маориф имкониятҳои зиёд фароҳам оварда шуданд. Мо дарк менамоем, ки дастгирии соҳаи маориф ва баланд бардоштани мақоми омӯзгор, аз он ҷиҳат муҳим мебошад, ки муаллимон дар рушди нерӯи инсонӣ саҳми бевосита дошта, яке аз қувваҳои асосии пешбаранда ва фаъоли ҷомеаи имрӯза маҳсуб меёбанд.
Зикр бояд кард, ки дар соҳаи маорифи вилояти Хатлон баҳри расидан ба ин ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар доираи имкониятҳои мавҷуда барои вусъат бахшидани амалигардонии барномаҳои давлатии марбут ба соҳаи маориф, баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия, дониши хонандагон ҳамзамон, мустаҳкам кардани заминаҳои моддӣ – техникии муассисаҳои таълимӣ дар ҳамаи намуди зинаҳои таҳсилот, амалигардонии имтиёзҳои муқарраршудаи омӯзгорони ҷавон, дастгирию ҳавасмандсозии омӯзгорони варзидаю эҷодкор ва хонандагони аълохон, корҳои муайянро ба анҷом расонида истодааст, ки натиҷаи дилхоҳ дода истодаанд.
Дар қатори ин амалҳои назаррас ҳамасола, дар мадди аввал ба мукофотҳои давлатӣ пешбарӣ гардидани беҳтарин кормандони соҳаи маориф ва аҳли зиё дар вилоят, муқаррар гардидани квотаҳои Президентӣ ва бурсияҳои таҳсил барои илму касбомӯзии ҷавонони лаёқатманд, таъсиси Ҷоизаи раиси вилояти Хатлон дар соҳаи маориф, стипендияҳои номии Президентӣ, раиси вилоят, аксар раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, соҳибкорону сарпарастон, инчунин, аз ҷониби волидайн ва шахсони саховатпеша мунтазам дастгирӣ ёфтани омӯзгорони варзида, хонандагони аълохон ва ғолибони ҳаракатҳои олимпии сатҳи байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳриву ноҳиявӣ, деҳотӣ ва таълимгоҳӣ мебошанд, ки дар рушди маориф мақоми хеле калонро касб намудаанд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон пайваста дар андешаи беҳтар намудани рӯзгори муаллимон буда, баҳри рушди соҳаи маориф, беҳ гардидани кори мактабу омӯзгор тамоми чораҳои заруриро меандешад.
Дар ин ҷода мо ба ақлу заковат, донишу маҳорат ва малакаҳои касбии омӯзгорон, майлу рағбати ба дониш, илм ва касбомӯзӣ доштаи шогирдон, таваҷҷӯҳу масъулиятшиносии падару модарон ва самимона ба мактабу маориф рӯ овардани ҳамдиёрон умед баста, итминон дорем, ки ҷашнҳои дар пешистодаро кормандони соҳа бо навҷӯию тозакорӣ ва дастовардҳои назарраси меҳнатӣ, илмӣ ва эҷодӣ истиқбол мегиранд.
Мусаллам аст, ки омӯзгор дар фаъолияти худ шахси муқаддасу раҳнамо буда, дар тарбияи наслҳо дар рӯҳияи муҳаббат ба Модар, Ватан ва Забони миллӣ, ки аз муқаддасоти олӣ эътироф гардидаанд, саҳми босазо дошта, бавуҷудоварандаи ахлоқу хислатҳои ҳамидаи инсонӣ ва ташаккулдиҳандаи ҳаёти башар мебошад. Дар раванди бонизоми таълиму тарбия, танҳо омӯзгор метавонад дасти хонандаро барои навиштан рост намуда, нутқашро инкишоф диҳад, тарзи гуфтору рафтор, сатҳи дониш ва фарҳанги ӯро беҳтар гардонад, ҳамчун тарбиятгари наслҳои ояндасози миллат ва давомдиҳандагони анъанаву суннатҳои пурифтихори миллии мо бошад.
Ҷомеа бояд хуб дарк намояд, ки эҳтиром ба омӯзгор – эҳтиром ба ояндаи миллат аст. Омӯзгор шахсест, ки бо нури саводу маърифат ва илму дониш ҳаёти ҷомеаро равшан месозад, хурофоту ҷаҳолатро аз ҳаёти ҷомеа берун мекунад ва созандагону ободгарони ояндаи Ватанро ба камол мерасонад.
Бояд қайд кард, ки алҳол дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, вилоят, имрӯзҳо беш аз 50 ҳазор олимону устодон, омӯзгорону мураббиён ва устоҳои таълими истеҳсолӣ ғайратмандона ба таълиму тарбияи зиёда аз 1 миллион тарбиягирандагон, хонандагон, донишҷӯён ва касбомӯзон машғуланд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон саҳм ва мақому манзалати аҳли зиё, алалхусус устодону омӯзгоронро дар пешрафти ҷомеа ба инобат гирифта, дар доираи имкониятҳои мавҷуда ҷиҳати фароҳамсозии шароитҳои мусоиди кору таҳсил ва ҳавасмандсозии олимону устодон, омӯзгорон ва донишҷӯёну хонандагон, пайваста тадбирҳои муассирро роҳандозӣ намуда истодааст.
Баргузории озмунҳои вилоятии “Омузгори ифтихории Хатлон”, “Парчами сайёри ғолиб”, Стипендияҳои раиси вилояти Хатлон ба хонандагон ва омузгорони ҷавон далели возеҳ ба таваҷҷуҳ ва дастгирии омузгорон дар вилоят аст.
Аз ин рӯ, мо ба ақлу заковат, донишу маҳорат ва малакаи касбии устодону омӯзгорон, майлу рағбати ба дониш, илм ва касбомӯзӣ доштаи шогирдон, боло рафтани таваҷҷӯҳу масъулиятшиносии падару модарон ва самимона ба муассисаи таълимию маориф рӯ овардани ҳамдиёрон умед баста, итминон дорем, ки аҳли илму маориф ва дигар сокинони вилоят ҷашнҳои фархундаи Рӯзи омӯзгорон ва дигар ҷашнҳои миллиро бо дастовезҳои муносиб, навҷӯию тозакорӣ ва комёбиҳои назаррас истиқбол гирифта, дар рушду шукуфоии диёри воқеан ҳам биҳиштосоямон, саҳмгузорӣ менамоянд.
Бо ҳамин ниятҳои нек, бори дигар устодону омӯзгорони арҷмандро бо иди касбиашон табрику таҳният гуфта, ба онҳо саломатӣ, рӯзгори неку осуда ва дар иҷрои вазифаи муқаддасу пурифтихори омӯзгорӣ комёбиҳои беназир орзу менамоям.
Рӯзи омӯзгорон муборак, ҳамватанони азиз!