НОҲИЯИ ДӮСТӢ ҲАМ АЗ ИҶРОИ НАҚШАИ ДУРНАМОИ ПАХТА БАРОМАД

Имрӯз, 4 октябр, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ аз фаъолияти корхонаи коркарди пахтаи ҶДММ «Ёқуби Шамсиддин» боздид намуда, бо фаолияти он шинос гардиданд.

Зикр шуд, ки фаъолияти мунтазами чунин корхонаҳо барои афзоиши арзиши иловагии маҳсулоти ватанӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ аҳамияти калон дорад.

Ҳамзамон, дар инҷо раиси вилоят дар маросими ҳавасмандгардонии роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва пахтакороне, ки дурнамои пахтасупориро иҷро кардаанд, ширкат варзида, ба пешсафон тӯҳфаҳо тақдим намуданд.

Зимни мулоқоти самимӣ бо хоҷагидорон ва раисони ҷамоатҳо раиси вилоят зарурати истифодаи самараноки ҳар як порчаи замин, таъмини саривақтии обёрӣ ва тавсеаи заминҳоро таъкид карда, ҳавасмандгардонии меҳнати пахтакоронро омили муҳими рушди устувори соҳаи кишоварзӣ хонданд.

Пахтакорону роҳбарони хоҷагиҳо изҳор доштанд, ки бо истифода аз дастгириву ғамхориҳои давлату Ҳукумат минбаъд низ барои афзоиши истеҳсоли пахта ва беҳтар намудани сифати он кӯшиш хоҳанд кард.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

 

Related Articles