ИФТИТОҲИ КИТОБХОНАИ ВИЛОЯТӢ ПАС АЗ ТАЪМИРУ НАВСОЗӢ БО МАБЛАҒИ 3,5 МИЛЛИОН СОМОНӢ БО ТАҶРИБАИ НАВ ДАР ҶУМҲУРӢ

Имрӯз, 29-уми сентябр, бо иштироки раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва раисони шаҳру навоҳии вилоят Муассисаи давлатии Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Шамсиддин Шоҳин пас аз бозсозӣ ба истифода дода шуд.

Китобхона, дар доираи Нақша-чорабиниҳои соли 2025 “Соли фарҳанги китобхонӣ” дар вилояти Хатлон бо дастгирӣ ва маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии “Ҷуръат” дар ду марҳила ба маблағи 3,5 миллион сомонӣ пурра таъмиру азнавсозӣ мешавад.

Дар натиҷаи ин бозсозии комил, китобхона ба як маркази муосири иттилоотӣ табдил ёфта, дар шуъбаи нави автоматикунонии хизматрасонӣ 20 адад компютер бо дастрасии шабакаи интернет насб гардидааст. Инчунин 200 ҳазор китобҳои электронӣ барои хонандагон омода шуда, китобдорон метавонанд китобҳои заруриро тариқи системаи рақамӣ дарёфт ва истифода намоянд.

Ҳадаф аз ин корҳои ободонию созандагӣ эҳёи суннатҳои китобдӯстии халқи тоҷик ва ҷалби насли наврас ба мутолиа, ташаккули маҳорат ва малакаҳои беҳтарини хониш, баланд бардоштани фарҳанги иттилоотии ҷавонон, арҷгузорӣ ба мероси ниёгон ва тарбияи ватандӯстии насли нав, ҷалби аҳолӣ ба озмунҳои ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва ташкили маҳфилҳо, намоишгоҳҳои китоб ва барномаҳои муосири фарҳангиву маърифатӣ мебошад.

Системаи китобхона ягона ситема дар ҷумҳурӣ аст, ки дар марҳилаи дуюм тавассути зеҳни сунъӣ фаъолият карда, ҳар як хонанда бемамониат аз он истифода бурда метавонад. Ин гуна лоиҳа бори аввал дар Тоҷикистон амалӣ мегардад ва таҷрибаи он дар оянда барои китобхонаҳои дигар минтақаҳо низ татбиқ хоҳад шуд.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид таъкид намуданд, ки дастгирии соҳаи фарҳанг ва китобхонаҳо яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат мебошад ва аз хонандагон даъват намуданд, ки аз имкониятҳои фароҳамгардида барои баланд бардоштани сатҳи маърифат ва фарҳанги ҷомеа самаранок истифода баранд.

Маросими ифтитоҳи китобхона баъди бозсозӣ бо шиносоии меҳмонон аз толорҳо, имкониятҳои нави рақамӣ ва намоиши китобҳо идома ёфта, дар ошёнаи дуюм маросими шиносоии барномаи “Е-хониш” баргузор гардид.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид иброз доштанд, ки ин тарзи хизматрасонӣ дар Тоҷикистон таҷрибаи нав аст ва оянда боз нақша дораем, ки дар дигар муассисаҳо бо дастрасии таҷҳизоту технологияи муосир сатҳи хизматрасониро дар низоми муосири зеҳни сунъӣ беҳтар ба роҳ монем.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles