ҚАБУЛИ САЙЁРИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР НОҲИЯИ ЁВОН
Имрӯз, 27 сентябр, дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон аз ҷониби раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид қабули сайёри шаҳрвандон баргузор гардид.
Дар қабули сайёр 13 нафар шаҳрвандон оид ба
кашидани хатти оби нӯшокӣ, ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони бунгоҳи тиббӣ, иваз намудани симчӯбҳои барқӣ, ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони кӯдакистон, пешгирӣ намудани фуруравии заминҳои корами обӣ, таъмини аробачаи маъюбӣ, расонидани кӯмак дархости мусоидати раиси вилоятро намуданд.
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид ба масъулини идораҳои вилоятӣ ва ноҳиявӣ ҷиҳати баррасии саривақтӣ ва расидагӣ ба арзу муроҷиати шаҳрвандон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Ҳамчунин, ба ниёзмандон кӯмаки пулӣ ва ба оилае, ки ба аробачаи маъюбӣ ниёз дошт, аз ҷониби раиси вилоят аробача тақдим гардид.
Бо итминон изҳор гардид, ки масъалаҳои пешниҳодшуда таҳти назорати ҷиддӣ қарор гирифта, барои ҳалли онҳо кӯшишҳои ҳамаҷониба ба роҳ монда мешаванд.
Инчунин, раиси вилоят бо фаъолон ва роҳбарони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия суҳбат намуда, оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия, вусъати корҳои ободониву хуррамгардонӣ, бунёду азнавсозии муассисаҳои таълимӣ, тиббӣ ва варзишӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, хизматрасонии тиббӣ, тарбияи фарзанд дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ҷамъоварии ҳосили пахта, маданияти истифодабарии замин, коркарди маҳсулоти кишварзӣ, рушди соҳаи сайёҳӣ, бунёди меҳмонхонаҳо барои сайёҳон, таҳкими корҳои идеологӣ, ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоии мардум, корҳои фаҳмондадиҳӣ бо усули “Хона ба хона”, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, таълимоти ғайриқонунии динӣ ва дигар масъалаҳои мубрам суханронӣ карданд ва ҷиҳати ҳалли масъалаҳои мазкур ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон