Имрӯз, 27 сентябр, раиси вилоят Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ ба ноҳияи Ёвон аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №23 боздид намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки сохтмони бинои мазкур бо назардошти афзоиши шумораи хонандагон ва эҳтиёҷи рӯзмарраи таъмини шароити хуби таълиму тарбия амалӣ гардида, иншооти нав дуошёна буда, дорои синфхонаҳои муҷаҳҳаз ва инфрасохтори замонавӣ хоҳад буд. Зикр гардид, ки корҳои сохтмонӣ бо саҳми фаъолонаи сокинони маҳаллӣ ва дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ амалӣ гашта истодааст.
Раиси вилоят таъкид намуданд, ки соҳаи маориф ва рушди илму дониш дар меҳвари сиёсати иҷтимоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ба ин соҳаи ҳаётан муҳим пайваста таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир мегардад. Дар ин замина, дар саросари кишвар ва хусусан дар вилояти Хатлон, бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсил, бунёду азнавсозии муассисаҳои таълимӣ, қомат афрохтани синфхонаҳои иловагӣ ва мактабҳои нав вусъати бештар гирифтааст.
Татбиқи чунин ташаббусҳо бо ҳамбастагии сокинон ва дастгирии мақомоти маҳаллӣ заминаи муҳиме барои баланд бардоштани сатҳи саводнокӣ, тавсеаи ҷаҳонбинии насли наврас ва тарбияи кадрҳои болаёқати оянда ба ҳисоб меравад.
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид ба сокинони маҳал барои иштироки фаъолона дар бунёди мактаб изҳори сипос намуда, чунин иқдомҳоро намунаи арзандаи ҳисси баланди ватандӯстӣ ва ғамхорӣ нисбат ба насли ояндасози миллат арзёбӣ намуданд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон