ЁВОН: БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ХОҶАГИҲОИ ПАХТАКОР ВА ИШТИРОК ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ
Имрӯз, 27 сентябр, дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Ёвон раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз рафти чиниши пахта дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Пахтаи беҳтарин» шинос шуда, бо хоҷагидорон ва деҳқонон суҳбати самимӣ намуданд.
Хоҷагии мазкур дорои 46 гектар замин буда, дар он асосан кишти пахта ба роҳ монда шудааст. Ҷамоати деҳоти Обшорон, яке аз ҷамоатҳои пешқадам дар ноҳия буда, сокинонаш асосан ба кишту парвариши навъҳои гуногуни маҳсулоти хоҷагии халқ машғул мебошанд.
Раиси вилоят зимни мулоқот ба аҳамияти соҳаи пахтакорӣ ва нақши он дар рушди иқтисодиёти маҳаллӣ таъкид карданд: “Заҳмати деҳқон барои ҷамъоварии ҳосил саҳми арзанда дар баланд бардоштани сатҳи зиндагии сокинон ва таъмини амнияти озуқаворӣ дорад.»
Хоҷагидорон ва пахтакорон изҳор доштанд, ки бо тамоми қувва ва заҳмати худ ҳосилро саривақт ҷамъоварӣ намуда, дурнаморо пурра иҷро хоҳанд кард.
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид таъкид намуданд, ки дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди соҳаи кишоварзӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди кор барои деҳқонон сол то сол беҳтар гардида, аз ҷониби давлат имтиёзҳои зитёд фароҳам оварда мешавад.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон