ЛЕВАКАНТ: БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД АЗ ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “БОБОИ ИСКАНДАР”
Имрӯз, 25 сентябр, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз хоҷагии деҳқонии “Бобои Искандар”-и шаҳри Левакант боздид намуданд.
Зимни боздид раиси вилоят бо фаъолияти меҳнаткашон, рафти ҷамъоварии ҳосил ва шароити кории пахтакорон шинос шуда, натиҷаҳои бадастомадаро арзишманд арзёбӣ намуданд.
Бо заҳмати шабонарӯзии деҳқонон шаҳри Левакант тавонист нақшаи ҷамъоварии пахтаро бо натиҷаи баланд — 101,99% иҷро намояд.
Таъкид гардид, ки ҳосилнокии имсолаи пахта дар хоҷагӣ хеле баланд буда, ин аз истифодаи самараноки захираҳои обӣ, тухмии босифат ва меҳнати софдилонаи деҳқонон шаҳодат медиҳад.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон