ҚАЗОҚИСТОН: МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО РОҲБАРОН, ТОҶИКОНИ МУҚИМӢ ВА СОҲИБКОРОНИ БУРУНМАРЗӢ
Дар ҳошияи баргузории намоиш-фурӯши молу маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таъомҳои миллии вилояти Хатлон дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо роҳбарони ҷамъиятҳо ва фаъолони диаспораҳои тоҷикон, инчунин соҳибкорони тоҷике, ки дар шаҳри Алмаато кору фаъолият доранд, мулоқот намуданд.
Зимни вохӯрӣ аз шароиту имконоти мусоиди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти қонунгузорӣ, имтиёзҳои давлатӣ ва андозбандӣ, мавҷудияти ашёи хом ва маҳсулоти кишоварзӣ, пешбинӣ гардидани тахфиф барои интиқоли молу маҳсулот ба хориҷи кишвар тавассути роҳи оҳан ва кифоя будани қувваи корӣ барои бунёди коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ ибрози андеша карда шуд.
Ҳамчунин, аз ҳамватанони бурунмарзӣ ва соҳибкорони тоҷик даъват ба амал оварданд, ки бо ҳисси баланди ватандӯстӣ дар ободию пешрафти соҳаҳои гуногуни Тоҷикистон, инчунин вилояти Хатлон ҳиссагузор бошанд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон се ҷамъияти тоҷикон ва даҳҳо соҳибкорони тоҷики муқими ин шаҳр дар самту соҳаҳои гуногун, махсусан, соҳибкорӣ кору фаъолият дошта, пайваста ба Ҷумҳурии Тоҷикистон рафтуомад ва робитаи зичи ҳамкорӣ доранд, дар муаррифии таъриху тамаддун, урфу одат ва молу маҳсулоти Тоҷикистон дар ин давлат ҳиссагузорӣ менамоянд.
Соҳибкори тоҷики муқими Ҷумҳурии Қазоқистон бо ҳисси баланди худшиносӣ ва ифтихор аз тоҷик буданашон, иброз доштанд, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол хонаи умеди ҳар як тоҷики рӯйи замин ба ҳисоб рафта, рушду тараққиёти он таҳти сиёсати бомуваффақи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боиси рӯҳбаландию ифтихормандии ҳар як тоҷик гардидааст.
Мавриди зикр аст, ки дар заминаи ҳамкориҳои дуҷонибаи нек миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон ва ҷонибдориву ташаббуси бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон айни замон дар Ҷумҳурии Қазоқистон 12 муассисаи таълимӣ бо забони тоҷикӣ фаъолият менамояд, ки дар онҳо фарзандони оилаҳои тоҷиктабори муқими Ҷумҳурии Қазоқистон ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, аз таъриху тамаддун, забону адабиёт дар мадди аввал гузоштани манфиатҳои миллӣ ва огоҳиву муаррифии дастовардҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз мусоидат карда истодаанд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон