ХОВАЛИНГ: ИФТИТОҲИ ДУ ПУЛИ МОШИНГУЗАР БАЙНИ ҶАМОАТҲОИ ДЕҲОТИ ҒАФФОР МИРЗО ВА ШУГНОВ

ХОВАЛИНГ: ИФТИТОҲИ ДУ ПУЛИ МОШИНГУЗАР БАЙНИ ҶАМОАТҲОИ ДЕҲОТИ ҒАФФОР МИРЗО ВА ШУГНОВ

Имрӯз, 11 сентябр, дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ховалинг раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ду пули мошингузари навбунёдро, ки байни ҷамоати деҳоти ба номи Ғаффор Мирзо ва ҷамоати деҳоти “Шугнов” бунёд гардидааст, мавриди истифода қарор доданд.

Сохтмони ин иншооти муҳими нақлиётӣ бо ташаббус ва саҳмгузории соҳибкорони ватанӣ бародарон Каримов Раҳмиддин ва Искандарзода Субҳоналӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардид.

Ду пули мошингузар, ки яке 104 метр дарозӣ ва 4 метр паҳноӣ дошта, дигаре бо дарозии 40 метр ва паҳноии 4 метр бунёд шудааст, бо маблағи умумии 7,5 миллион сомонӣ сохта шуданд. Ифтитоҳи ин пулҳо мушкили рафтуомади садҳо сокини ду ҷамоатро пурра бартараф намуда, имконияти пайвастшавӣ бо роҳҳои асосӣ ва рушди хоҷагиҳои деҳқониро осон гардонид.

Ҳамзамон, бо иқдоми ҳамин соҳибкорон дар деҳоти Шугнов ба зиёда аз 70 хоҷагӣ хатти оби нӯшокӣ кашида шуд. Татбиқи чунин амалҳои хайрхоҳона на танҳо мушкили чандинсолаи сокинонро ҳал намуд, балки барои беҳбудии шароити зисту зиндагӣ, баланд бардоштани сатҳи санитарӣ ва фароҳамсозии шароити солими муҳити зист мусоидат кард.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни ифтитоҳи пулҳо ва шиносоӣ бо корҳои ободонӣ аз ҳисси баланди ватандӯстӣ ва саҳми соҳибкорони саховатманд дар рушди инфрасохтори маҳаллӣ изҳори сипос намуд. Таъкид карданд, ки бо дастгирии давлат ва саҳми соҳибкорони ватанӣ имрӯзҳо симои шаҳру деҳоти кишвар рӯз аз рӯз ободу зебо мегардад.

Бунёди чунин иншооти ҳаётан муҳим на танҳо ба рафтуомади бехатари сокинон ва рушди хоҷагиҳои деҳот мусоидат мекунад, балки ба густариши робитаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ миёни ҷамоатҳо, афзоиши имкониятҳои тиҷоратӣ ва таъмини зиндагии шоистаи мардум низ замина мегузорад.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles