ХОВАЛИНГ: ТАҚДИМИ КАЛИДИ ХОНАҲОИ ИСТИҚОМАТӢ БА 10 ОИЛАИ КАМБИЗОАТ ВА БЕСАРОБОН АЗ ҶОНИБИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
Имрӯз, 11 сентябр, дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ховалинг раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар деҳаи Айлодараи ҷамоати деҳоти ба номи Ғаффор Мирзо 10 хонаи истиқоматиро барои оилаҳои камбизоат ва бесаробон мавриди истифода қарор доданд.
Сохтмони ин хонаҳо дар доираи иқдоми башардӯстона бо дастгирии молиявии Аморати Муттаҳидаи Араб тавассути Ташкилоти ҷамъиятии хайриявии «Тоҷикистон» амалӣ гардида, ба оилаҳое тақдим шудаанд, ки саробони худро аз даст додаанд ва дар шароити душвори иҷтимоӣ бо фарзандони ноболиғ умр ба сар мебаранд.
Тибқи лоиҳа, ҳар як хонаи истиқоматӣ аз се ҳуҷра, ҳаммом ва долон иборат буда, ҳар кадом бо маблағи 150 ҳазор сомонӣ сохта шудааст. Хонаҳо бо таҷҳизоти зарурии рӯзгор таъмин гардида, шароити муносибро барои зиндагии арзанда фароҳам меоранд. Дар ҷараёни сохтмон беш аз 30 нафар коргарони маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши муносиб таъмин гардиданд.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни ифтитоҳи хонаҳо аз сифати корҳои сохтмонӣ ва тарҳи онҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид карданд, ки дастгирии табақаҳои ниёзманд, махсусан оилаҳои камбизоат ва бесаробон, аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
Ҳамзамон, ба масъулон дастур дода шуд, ки минбаъд низ барои ҳалли мушкилоти иҷтимоии сокинон, махсусан таъмин намудани оилаҳои осебпазир бо манзили зист тадбирҳои иловагӣ роҳандозӣ намоянд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон