ХОВАЛИНГ. ИФТИТОҲИ БИНОИ МАЪМУРИИ ҶАМОАТИ ШАҲРАКИ МУНК ВА БАХШИ БОЙГОНИИ НОҲИЯ

ХОВАЛИНГ. ИФТИТОҲИ БИНОИ МАЪМУРИИ ҶАМОАТИ ШАҲРАКИ МУНК ВА БАХШИ БОЙГОНИИ НОҲИЯ

Имрӯз, 11 сентябр, дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ховалинг раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар кӯчаи Исмоили Сомонии ҷамоати шаҳраки Мунк бинои нави маъмурии ҷамоат ва бахши бойгонии байни идоравии ҳайати шахсии назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро мавриди истифода қарор доданд.

Сохтмони бинои маъмурии ҷамоати мазкур бо ташаббуси соҳибкори ватанӣ Ҳасанов Абдулло дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағи 1,4 миллион сомонӣ амалӣ гардид.

Иншооти нав аз ду ошёна бо таҳхона, 10 ҳуҷраи корӣ ва маҷлисгоҳ иборат мебошад. Корҳои сохтмонӣ моҳи апрели соли 2025 оғоз гардида, дар муҳлати кӯтоҳ бо сифати баланд ба анҷом расонида шуданд.

Ҳуҷраҳои корӣ ва толори маҷлис бо мизу курсӣ ва таҷҳизоти техникии муосир пурра муҷаҳҳаз гардида, барои фаъолияти кормандони ҷамоат ва бахши бойгонӣ шароити зарурии корӣ муҳайё шудааст.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни ифтитоҳи иншоот аз иқдоми ватандӯстонаи соҳибкор изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид карданд, ки бо дастгирии давлат ва саҳми соҳибкорони ватанӣ ҳар рӯз симои шаҳру деҳоти мамлакат ободу зебо гардида, барои беҳбудии шароити зиндагӣ ва кории мардум имкониятҳои нав фароҳам оварда мешавад.

Ифтитоҳи бинои нави маъмурии ҷамоат ва бахши бойгонӣ ба кормандони ҷамоат имкон медиҳад, ки дар шароити муосир фаъолияти хизматрасониро ба роҳ монда, ҳамзамон ҳифз, нигоҳдорӣ ва мураттабсозии ҳуҷҷатҳои расмӣ бо сифати баланд амалӣ гардад. Ин иқдом боиси боло рафтани сатҳи хизматрасонии давлатӣ ва таъмини шароити беҳтари кору зиндагии сокинони маҳалла ва ҷамоат мегардад.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles