ИФТИТОҲИ КОРХОНАИ НАВИ КОРКАРДИ САНГУ ШАҒАЛ ВА ИСТЕҲСОЛИ БЕТОНИ ҶДММ “ТОҶИКИСТОНИ ОСМОНБУС”

ИФТИТОҲИ КОРХОНАИ НАВИ КОРКАРДИ САНГУ ШАҒАЛ ВА ИСТЕҲСОЛИ БЕТОНИ ҶДММ “ТОҶИКИСТОНИ ОСМОНБУС”

Имрӯз, 11 сентябр, дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ховалинг, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар маҳаллаи Сохтмончиёни деҳоти Ҷомбахт корхонаи коркарди сангу шағал ва истеҳоли бетони ҶДММ “Тоҷикистони осмонбус”-ро мавриди истифода қарор доданд.

Корхона аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Ҳасанов Абдулло дар масоҳати 20 гектар замин ба маблағи 8,9 миллион сомонӣ бунёд гардида, бо таҷҳизоти наву замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Иншооти нав ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо ҳадафи рушди соҳаи сохтмон дар ноҳияи Ховалинг, аз ҷумла бунёди манзилҳои нави истиқоматӣ, корҳои роҳсозӣ ва дигар эҳтиёҷоти сохтмонӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

Тибқи иттилоъ, иқтидори корхонаи коркарди сангу шағал 300 метри мукааб дар як шабонарӯзро ташкил медиҳад. Ҳамзамон, хатти истеҳсоли бетон дорои иқтидори баланди технологӣ буда, метавонад дар як дақиқа як метри мукааб бетон истеҳсол намояд.

Бо баистифодадиҳии корхона 20 нафар ба ҷойи кори доимӣ таъмин гардида, ҳаҷми маоши кормандон вобаста ба ихтисос ва таҷриба аз 2000 то 3500 то сомониро дарбар мегирад.

Бунёди иншооти мазкур дар доираи татбиқи ҳадафҳои миллӣ – “Солҳои 2022-2026 – Солҳои рушди саноат” амалӣ гардида, дар татбиқи барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла рушди инфрасохтор, муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ ва беҳбудии сатҳи зиндагии аҳолӣ нақши муҳим мегузорад.

Зимни боздид раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба сатҳу сифати корҳои сохтмонӣ ва имкониятҳои истеҳсолии корхона баҳои баланд дода, таъкид намуданд, ки бунёди чунин корхонаҳои саноатӣ барои рушду таҳкими соҳаи саноати вилоят, фароҳамсозии ҷойҳои нави корӣ ва таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти босифати сохтмонии ватанӣ бо нархи дастрас аҳамияти бузург дорад.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles