НАМОИШИ МОЛУ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ
11 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар деҳаи Кӯлдараи ноҳияи Ховалинг аз намоиши молу маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ боздид намуданд.
Дар намоишгоҳи мазкур намудҳои гуногуни маҳсулоти кишоварзӣ ба тамошо гузошта шуд.
Дар ин ҷо намудҳои гуногуни маҳсулоти кишоварзӣ ба шаклу услуб ва композитсияи зебо пешниҳод шуда буд.
Зимни боздид аз намоишгоҳ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки иқлими ноҳияи Ховалинг барои парвариши картошка, пиёзи маҳаллӣ, сабзӣ ва карам хеле мусоид мебошад.