Имрӯз, 8 сентябр, дар варзишгоҳи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, сокинон, собиқадорон ва меҳмонон аз ҷумҳуриҳои ҳамсоя ба ифтихори ҷашни 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ баргузор гардид.
Зимни суханронӣ дар ин ҳамоиши бузурги мардумӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид сокинони вилоят ва кулли мардуми шарифи Тоҷикистонро бо камоли ифтихору хушҳолӣ ба муносибати 34-умин солгарди истиқлолу озодии Ватани маҳбубамон самимона табрик намуданд.
Зикр гардид, ки Истиқлол бузургтарин дастоварди таърихии миллати тоҷик аст, ки ба мо имкон дод сарнавишти худро мустақилона муайян намоем, давлатдории миллиро эҳё ва таҳким бахшем, забон, фарҳанг ва арзишҳои миллӣ ва маънавиро эҳё ва рушд диҳем. Агар ба таърих назар афканем, мебинем, ки садсолаҳо миллати тоҷик орзуи доштани давлати соҳибистиқлолро дар дил мепарварид ва маҳз дар соли 1991 ин ормони бузург амалӣ гашт.
Гуфта шуд, ки маҳз сиёсати бобарор ва таҷрибаи нодири мактаби бузурги давлатдории Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки дар зарфи 34-соли соҳибистиқлолӣ заминаҳои бунёдии рушди устувору босуботи Тоҷикистон ва барномаҳои мукаммалу натиҷабахши соҳаҳои ҳаётан муҳими кишвар, аз ҷумла саноату энергетика, нақлиёту коммуникатсия, кишоварзӣ ва дигар самтҳои ҳаёти мардум муваффақона таъмин карда шуданд.
Дастоварди бузургтарини мо дар замони Истиқлоли давлатӣ сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад, ки мо ба ин неъмати зиндагибахш бо баҳои бисёр гарон ва заҳмати ниҳоят зиёд муяссар гардидем ва қарзи инсонӣ ва вазифаи шаҳрвандии ҳар яки мост, ки ин неъмати бузургро чун гавҳараки чашм эҳтиёт ва ҳифз намоем.
Зикр гардид, ки вилояти Хатлон ҳамчун минтақаи калонтарини кишвар ва бо аҳолии зиёда аз 4 миллион нафар дар дастовардҳои замони Истицлол саҳми назаррас дорад. Хатлон имрӯз тақрибан 60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии ҷумҳуриро таъмин мекунад. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки вилоят воқеан ба «дил ва муҳаррики иқтисоди аграрии Тоҷикистон» табдил ёфтааст.
– Дар доираи нақшаи чорабиниҳои таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз дар вилоят аз 6260 адади ншооти ҷашнии ба нақша гирифташуда 5641 иншоот мавриди истифода қарор дода шудааст, ки 90 фоизи нақшаи чорабиниҳои пешбинигардидаро ташкил медиҳад. Дар ин замина соли ҷорӣ дар миқёси вилоят 1573 иншооти таъиноти гуногун сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда, иҷроиши нақшаи бунёди иншоотҳо ба 136% баробар гардид.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷиҳати баланд бардоштани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва ғанӣ гардонидани дастурхони мардум бо маводи босифати ғизоӣ, рушди босуботи соҳаи саноат ва истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир, бунёди инфрасохтори соҳаи иҷтимоӣ ва таҳкими фаъолияти соҳаҳои маорифу тандурустӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, ҷиҳати сазовор истиқбол намудани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон захира ва имкониятҳои мавҷударо босамар истифода менамояд.
Сипас, чорабинии фарҳангӣ бо дастагули шеъру сурудҳои ватандӯстона оғоз гардида, табъи мардум болида гардид.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон