ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ РУШД ВА ИННОВАТСИЯИ ХАТЛОН
Имрӯз, 8 сентябр, дар арафаи таҷлили ҷашни 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар шаҳри Бохтар Маркази байналмилалии рушд ва инноватсияи Хатлон ифтитоҳ гардид.
Марказ дар доираи эълони солҳои 2025-2030, “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” ва қабул гардидани қатъномаи таърихии Тоҷикистон оид ба зеҳни сунъӣ дар Маҷмаи Умумии СММ ба таври замонавӣ сохта шуда, ҳуҷраҳои хизматрасонии он бо таҷҳизоти муосири сохти ширкатҳои бонуфузи ҷаҳонӣ таъмин мебошад.
– Дар замони мо, ки рушди босуръату бесобиқаи илму дониш, техникаву технологияҳо ва бахусус, зеҳни сунъӣ хусусияти барҷастаи он мебошад, донишомӯзӣ аҳаммияти аввалиндараҷа ва ҳатто ҳаётӣ пайдо кардааст, таъкид намудааанд, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ.
Мақсад аз таъсиси Марказ хизмат ҳамчун пули ҳамкорӣ байни давлат, бахши хусусӣ, илму технология ва ҷомеа маънидод гардид. Марказ ҷиҳати фароҳам овардани фазои муосир барои рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ, ҳамзамон пешбурди инноватсия ва зеҳни сунъӣ хизмат менамояд, то ки Хатлон ба маркази стратегии пешрафт дар минтақа табдил ёбад.
Марказ имкониятҳои ташкили форумҳо ва конфронсҳо, баргузории чорабиниҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба иқтисод, сиёсат, фарҳанг ва илм, Маркази омӯзиш ва бозомӯзӣ ҷиҳати тайёр кардани мутахассисон ва такмили ихтисос дар ҳама соҳаҳо, инноватсия ва зеҳни сунъӣ, ташкили лабораторияҳо ва курсҳо барои омӯзиши AI, рақамикунонӣ ва технологияҳои муосир, ҳамкории байналмилалӣ, ҷалби сармоягузорон, ширкатҳои хориҷӣ ва муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ, муаррифии имкониятҳои Хатлон, нишон додани иқтидори кишоварзӣ, саноатӣ ва сайёҳии вилоят дорад.
Маркази байналмилалии рушд ва инноватсияи Хатлон аз ду толори “Инноватсия ва зеҳни сунъӣ (AI)” ва толори “Кишоварзӣ ва экспорт” иборат буда, дар онҳо гӯшаҳои AI дар амал, инноватсияи Хатлон, AI ва кишоварзӣ, AI ва таълим, фотозона, гӯшаи маҳсулоти асосӣ, экспорт ва бозорҳо, инноватсия дар кишоварзӣ, дастархони Хатлон ва фотозонаи аграрӣ мавҷуд мебошанд.
Аснои шиносоӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид таъсиси марказро барои рушди тиҷорати рақамӣ, омодасозии мутахассисони сатҳи байналмилалӣ ва омӯзиши таҷрибаи пешқадами кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон муҳим арзёбӣ намуданд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

