МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САРМОЯГУЗОРОНИ ҶУМҲУРИИ ИСЛОМИИ ПОКИСТОН

МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САРМОЯГУЗОРОНИ ҶУМҲУРИИ ИСЛОМИИ ПОКИСТОН

Имрӯз, 13 август, дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон раиси вилоят Давлаталӣ Саид бо як гурӯҳ сармоягузорони Ҷумҳурии Исломии Покистон дидору гуфтушунид намуданд.

Ҷонибҳо ба густариши робитаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисод, бахусус бунёди корхонаҳои саноатӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуданд.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба вазъи кунунии ҳамкориҳои мутақобила байни вилояти Хатлон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон табодули назар карданд.

Ҳамчунин ҳавасмандии ҷонибҳо ба роҳандозии ҳамкориҳои фаъоли байни минтақаҳо дар самти рушди муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ, кишоварзӣ ва ҷалби сармоя, инчунин амалисозии лоиҳаҳо қайд шуд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

 

Related Articles