ДУ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШӢ – ТӮҲФАИ ПРЕЗИДЕНТИ ФЕДЕРАТСИЯИ ФУТБОЛИ ТОҶИКИСТОН БА ҶАВОНОНИ ШАҲРИ БОХТАР

ДУ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШӢ – ТӮҲФАИ ПРЕЗИДЕНТИ ФЕДЕРАТСИЯИ ФУТБОЛИ ТОҶИКИСТОН БА ҶАВОНОНИ ШАҲРИ БОХТАР
Имрӯз, 12 август, аъзои Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон, Раиси Федератсияи футболи вилояти Хатлон, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва намояндагони Федератсияи футболи Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар ду майдончаи бозии футболро ифтитоҳ намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки ду майдончаи варзишӣ тӯҳфаи муҳтарам Рустами Эмомалӣ, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон ба ҷавонони шаҳри Бохтар мебошад.
Майдончаҳо бо таҷҳизоти муосири варзишӣ муҷаҳҳаз буда, барои баргузории машғулиятҳои гуногун, аз ҷумла бозии футбол ва дигар намудҳои машқҳои ҷисмонӣ шароити хуб фароҳам овардааст.
Ин навгонии муҳими инфрасохторӣ боиси қаноатмандии сокинони шаҳр гардида, ҷавонписарон ва наврасон онро ҳамчун як имконияти арзишманд баҳри рушди маҳорати варзишии худ арзёбӣ менамоянд.
Бунёди чунин майдончаҳо дар гӯшаву канори вилояти Хатлон имкон медиҳад, ки шумораи ҷавонони фаъол дар чорабиниҳои варзишӣ афзоиш ёфта, сатҳи иштироки онҳо дар мусобиқаҳои ноҳиявӣ ва минтақавӣ боло равад.
Раиси вилоят зимни мулоқот бо ҷавонону наврасон таъкид карданд, ки машғул шудан бо варзиш на танҳо барои солимии ҷисмонӣ, балки барои пешгирии гаравидан ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифротӣ низ муҳим мебошад.
Давлаталӣ Саид ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, варзишро яке аз василаҳои муҳимтарини муаррифии миллату давлат дар арсаи байналмилалӣ арзёбӣ намуд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles