ТАЪИНОТИ КАДРӢ ДАР ХАТЛОН

ТАЪИНОТИ КАДРӢ ДАР ХАТЛОН

Бо қарори раиси вилояти Хатлон Одинаҳмадзода Қурбоналӣ Одинаҳмад ба вазифаи директори Маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории вируси норасоии масунияти одам дар вилояти Хатлон таъин гардид.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид имрӯз мутахассиси навтаъинро ба ҳузур пазируфта, оид ба баррасӣ ва ҳалли масъалаҳои мубраме, ки дар соҳаи мазкур дар вилоят ба назар мерасанд, вазифагузорӣ карданд.

Давлаталӣ Саид ба директори Марказ барори кор хоста, ҷиҳати бо ҳисси баланди масъулиятшиносию ватандӯстӣ ба роҳ мондани фаъолияти хизматӣ дастуру ҳидоятҳо дод.

Зикр гардид, ки зимни иҷрои вазифаи хизматӣ поквиҷдонона ва бо садоқат ба Ватан муносибат намояд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

 

Related Articles