ҶАЛАСАИ НАЗДИ РАИСИ ВИЛОЯТ ОИД БА ОМОДАГӢ БА МАВСИМИ ҶАМЪОВАРӢ, ХАРИД, ЗАХИРА ВА КОРКАРДИ ҲОСИЛИ ПАХТАИ СОЛИ 2025
Имрӯз, 1 август, дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон раиси вилоят Давлаталӣ Саид ҷаласаи корӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласаи корӣ муовинони раиси вилоят, роҳбари дастгоҳи раиси вилоят, прокурори вилоят, қисман роҳбарони ташкилоту муассисаҳои давлатии вилоят, раисони шаҳру ноҳияҳои пахтакори вилоят, сардорони нозироти андоз, роҳбарони корхонаҳои пахтатозакунӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва дигар масъулон иштирок намуданд.
Дар ҷаласа як масъала – “Фаъолияти корхонаҳои коркарди пахта, омодагии корхонаҳои пахтатозакунӣ ба мавсими ҷамъоварии пахтаи соли 2025, ворид намудани ҳаҷми воқеии истеҳсол ва коркарди пахта ба ҳисоби оморӣ, шаклҳои дурусти андозбандӣ, назорати механизми ҷамъоварии пахта то коркарди ниҳоии он” мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зикр намуданд, ки Роҳбари давлат дар Паёми навбатӣ ва маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди соҳаи саноатро омили асосии пешрафти иқтисодиёт, таъсиси ҷойҳои нави кории доимӣ, баландшавии сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ, коҳиш ёфтани камбизоатӣ дар маҳал, дар маҷмуъ рушди соҳаи саноатро стратегияи 4-уми миллӣ арзёбӣ карданд.
Зикр гардид, ки дар маҷмуи маҳсулоти саноатии вилоят соҳаи нассоҷӣ яке аз самтҳои асосӣ ба ҳисоб меравад.
Раиси вилояти Хатлон оид ба фаро гирифтани пахтаи истеҳсолкардаи деҳқон, қабул ва коркарди он, роҳ надодан ба ҳисоботи нодуруст, оид ба тартиби андозбандии коркарди пахта, ҳолати воқеии пардохтпазирии маблағи андоз аз ҷониби корхонаҳои пахтатозакунӣ, роҳҳои пешгирии ҳолатҳои ғайриқонунии коркард ва қочоқи пахта, роҳҳои назорати механизми ҷамъоварии пахта то коркарди ниҳоии он ва пешгирии қонуншиканӣ дар самти баҳисобгирии оморӣ ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Вобаста ба ин масъала Сарраёсати омори вилоят, Раёсатҳои андоз, назорати давлатии энергетикии вилоят, марказҳои стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва назорати савдои вилоят вазифадор карда шуданд, ки вобаста ба қабул, коркард ва интиқоли пахта аз ҷониби корхонаҳои коркард аз рӯйи талаботи меъёрҳои пешбинишуда ҷиҳати таъмини тавозуни ҳаракати пахта тадбирҳои судманд андешанд.
Бояд зикр намуд, ки кишоварзони вилоят дар майдони 123037 гектар навъҳои гуногуни пахтаро кишт намудаанд. Дар натиҷаи заҳмати деҳқонон майдонҳои пахтазор хуб нашъунамо ёфта, дар давраи ҳосилбандӣ қарор доранд. Мутобиқи маълумоти мутахассисон, ҳосили интизорӣ ва биологии пахта қаноатбахш арзёбӣ гардида, дар баъзе ноҳияҳо ҳосили зинаи якуми пахта ба чиниш расидааст.
– Соли сипаришуда дар мавсими ҷамъоварӣ ва ба корхонаҳои коркард супоридани пахта як қатор камбудиву норасоиҳо, аз ҷумла бо нархи паст харидорӣ намудан ва сари вақт напардохтани маблағи он норозигии деҳқононро ба миён овард, – афзуд раиси вилоят Давлаталӣ Саид ва ба шахсони масъул супориш дод, ки бо ташкилотҳои соҳавӣ масъалаи маблағгузории ҳосили имсола омӯхта ва ҳал карда шавад.
Сипас, муовини раиси вилоят Файзуллозода Заробиддин оид ба коркарди пахта ва корхонаҳои коркардаи пахта дар вилоят дар соли 2024 гузориш доданд.
Дар фароварди ҷаласаи корӣ раиси вилояти Хатлон ҳамчунин ҷиҳати беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахта, роҳ надодан ба қочоқи он, пешгирии изофанависӣ, ба роҳ мондани назорати дурусти механизми ҷамъоварии пахта ва коркарди он ба раисони шаҳру ноҳияҳо, Раёсати ВКД дар вилоят, Бонки миллӣ ва бонкҳои дар вилоят фаъолияткунанда, Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонӣ, ФҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” ва Хадамоти давлатии назорати энергетикӣ дар минтақаҳои Бохтару Кӯлоб, Раёсатҳои андоз, кишоварзӣ, омор, гумрук ва дигарон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

