ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВИЛОЯТИИ МУТОБИҚСОЗИЮ МЕТОДӢ ОИД БА ТАЪЛИМ ВА ТАРБИЯИ ҲУҚУҚИИ ШАҲРВАНДОН ДАР НАЗДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

Имрӯз, 30 июл, дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон таҳти раёсати раиси вилоят Давлаталӣ Саид ҷаласаи Шӯрои вилоятии мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон дар назди раиси вилоят баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа аъзои Шӯро, муовини якум, роҳбари дастгоҳи раиси вилоят ва намояндагони ВАО ширкат варзиданд.

Нахуст котиби масъули Шӯро, сардори Раёсати адлияи вилояти Хатлон Чиллазода Шараф суханронӣ намуда, оид ба корҳои анҷомдодашуда тибқи нақшаи кории Шӯро барои соли 2025, дастрасии матни Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии нави Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот доданд.

Раиси вилоят Давлаталӣ Саид зимни суханронӣ таъкид намуданд, ки дар ташаккули маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва саводнокии ҳуқуқии насли наврас нақши кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва намояндагони мақомоти дигари давлатӣ басо муҳим мебошад.

Мувофиқи рӯзномаи ҷаласаи Шӯро ахбороти сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон генерал-лейтинант Назарзода Шариф Раҳмон оид ба иҷрои банди дахлдори Нақшаи кории Шӯро ҷиҳати гузаронидани чорабиниҳои гуногуни ҳуқуқӣ ва ватандӯстӣ дар байни аҳолӣ ва роҳҳои пешгирӣ намудани омилҳои номатлуб, ҳисоботи сардори Раёсати маорифи вилоят Абдулзода Зиёдулло вобаста ба гузаронидани курсҳои такмили ихтисоси омӯзгорон аз рӯи барномаи асосҳои ҳуқуқ, ахбороти Комиссари ҳарбии вилоят генерал-майор Амонуллозода Аминҷон оид ба гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ, вохӯрию мулоқотҳо бо аҳли ҷомеа дар кӯчаю маҳаллаҳо, ташкилоту муассисаҳо ва шарҳи муқаррароти Қонуни ҶТ “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” ва омодагӣ ба даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ ва ҳисоботи сардори Раёсати андози вилоят Ҷурабеки Ҷума оид ба тақвият бахшидан ба корҳои фаҳмондадиҳӣ, семинар-машваратҳо ва таҳияи барномаҳои телевизионӣ вобаста ба низоми андозбандӣ шунида шуд.

Аз тарафи раиси вилоят дастур дода шуд, ки бо ин мақсад бо аҳолӣ, алалхусус бо гурӯҳҳои осебпазир, ноболиғон, ҷавонон, муҳоҷирон, ходимони дин ва донишҷӯён дар мавзӯъҳои мухталифи ҳуқуқӣ вохӯриҳо бештар ба роҳ монда шавад.

Пас аз баррасии ҳисоботҳо, раиси вилоят Давлаталӣ Саид дар назди аъзои Шӯро вазифаҳо гузоштанд, ки оид ба таъмини волоияти қонун ва риояи тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи амният, суботу оромии ҷомеа, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат ва ҷомеа, тақвият ёфтани тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстию меҳанпарастии ҷавонон, баланд бардоштани тахассус ва масъулияти кормандони соҳаи маориф, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, дигар сохторҳои масъули тарбияи идеологӣ, омодагии ҳамаҷониба ба даъвати тирамоҳӣ, пешгирӣ намудани қонуншиканиҳо, кирдорҳои коррупсионӣ, ҷиноятҳои хусусияти террористию экстремистидошта, инъикоси ҳаёти сарбозони Артиши миллӣ дар ВАО, ташкили маҳфилҳои шоҳмотбозӣ дар ҳар як муассисаи таълимӣ, тақвияти чорабиниҳои фардии “Хона ба хона”, дониши молиявии мардум, саводнокии иттилоотӣ ва ғайра тадбирҳои натиҷабахш андешанд.

Аъзоёни Шӯрои вилоятӣ вазифадор карда шуданд, ки иҷрои дастуру супоришҳои протоколҳои ҷаласаҳои Шӯро ва бандҳои дахлдори Нақшаи кории Шӯроро аз болои зерсохторҳои худ зери назорат ва корбарии ҳамаҷониба қарор диҳанд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

 

 

Related Articles