ПАНҶ: БОЗДИД АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНИИ ПАРКИ ТЕХНОЛОГИИ ИННОВАТСИОНӢ ДАР ДЕҲАИ УРТАБУЛОҚ

Имрӯз, 26 июл, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар деҳаи Уртабулоқи ноҳияи Панҷ аз рафти корҳои сохтмонии Парки технологии инноватсионӣ боздид намуданд.

Парки технологии инноватсионӣ дар партави дастуру ҳидоятҳои арзишманди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати вусъат бахшидан ба корҳои ободонӣ ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун иншооти ҷашнӣ бун мегардад.

Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмин намудани ҷойҳои корӣ аз ҳисоби заминҳои литсейи касбии техникии ноҳия дар масоҳати 3 гектар замин барои Парки технологии инноватсионӣ қитъаи замин ҷудо карда шуда, айни замон корҳои сохтмонӣ аз тарафи соҳибкор Пиров Собир дар масоҳати 1 гектар замин корхонаҳои истеҳсоли макарон, банду басти писта, истеҳсоли равған ва корхонаи пахтатозакунӣ бо маблағи 2 миллион сомонӣ рафта истодааст, ки барои таъмин намудани 50 нафар сокинони маҳал барои ҷойи кори доимӣ мусоидат хоҳад кард.

Саноатикунонии босуръати мамлакат ҳамчун ҳадафи 4-уми миллӣ қабул гардида, дар татбиқи ин ҳадафи муҳими стратегӣ соҳибкорони ватанӣ бо истифода аз шароиту имкониятҳои фароҳамнамудаи Ҳукумати мамлакат саҳми арзанда мегузоранд.

Раиси вилоят ба корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, таъкид намуданд, ки дар муҳлати муқарраргардида ба истифода дода шавад.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles