ПАНҶ: ИФТИТОҲИ ТОЛОРИ ВАРЗИШӢ ДАР НАЗДИ МАКТАБИ РАҚАМИ 36

ПАНҶ: ИФТИТОҲИ ТОЛОРИ ВАРЗИШӢ ДАР НАЗДИ МАКТАБИ РАҚАМИ 36

Имрӯз, 26 июл, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар деҳаи Бурхиёни ҷамоати деҳоти Меҳвари ноҳияи Панҷ толори варзиширо дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 36 мавриди истифода қарор доданд.

Ба раиси вилоят иттилоъ дода шуд, ки бо саҳми сокинони деҳа бо маблағи 270 ҳазор сомонӣ толори варзишӣ бунёд гардида, муҳасилин ҳоло ба машқу тамрин машғул мебошанд.

Раиси вилоят ташаббуси ободгаронаи сокинони деҳаро шоистаи таҳсин хонда, бо омӯзгорон мулоқот анҷом доданд.

Таъкид гардид, ки ба сатҳу сифати таълим диққати ҷиддӣ дода, дар таълиму тарбияи насли наврас саҳми худро гузоранд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles