ПАНҶ: ИФТИТОҲИ БУНГОҲИ ТИББӢ ДАР ДЕҲАИ БУРХИЁН БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ
Имрӯз, 26 июл, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар деҳаи Бурхиёни ҷамоати деҳоти Меҳвари ноҳияи Панҷ бунгоҳи тиббиро мавриди истифода қарор доданд.
Бунгоҳи тиббии мазкур дар партави дастуру ҳидоятҳои арзишманди Асосгузори сулху ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати вусъат бахшидан ба корҳои ободонӣ ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун иншооти ҷашнӣ бунёд шудааст.
Мувофиқи нақша, корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот моҳи феврали соли 2024 аз тарафи Буёди миллии маблағузории Тоҷикистон оғоз гардида, бо нархгузории соли 2024 арзиши лоиҳавии иншоот 975 ҳазору 609 сомониро ташкил медиҳад.
Масоҳати умумии бино аз 0,5 гектар замин иборат буда, аз он 116 метри мураббаъро зери сохтмон ташкил медиҳад. Бино аз як ошёна ва 3 адад кабинетҳои кории маъмурӣ иборат мебошад.
Бунгоҳи тиббии мазкур дорои таҷҳизотҳои заминавии тиббӣ буда, бо кушода шудани он ба аҳолии деҳаи Бурхиёни ҷамоати деҳоти Меҳвар хизматрасонӣ менамояд.
Бинои мазкур бо тарҳи муосир ва сифати баланд бунёд гардида, дар он барои кормандон тамоми шароити корӣ фароҳам оварда шудааст.
Дар рафти корҳои сохтмонӣ аз 6 то 8 нафар сокинони маҳаллӣ бо кор ва маоши аз 2000 то 3000 сомонӣ таъмин гардиданд.
Дар баробари анҷоми корҳои сохтмонӣ масъалаи ободу зебо кардани муҳити атроф, саҳни ҳавлии бино низ ба анҷом расонида шудааст. Атрофи бунгоҳи тиббӣ роҳравҳо сафолакпӯш карда шудааст.
Инчунин, дар назди бунгоҳи тиббӣ иншооти ёрирасон иборат аз анборхона ва нуқтаи дастшӯии мизоҷон сохта шудааст. Гармидиҳии бунгоҳи мазкур тариқи буғӣ бо истифодаи ангишт дар дегхона ба роҳ монда шуда, дар фасли сармо даҳлез ва дохили тамоми бино ба гармӣ таъмин карда мешавад.
Ба истифода додани ин муассисаҳои кӯмаки авввалия дар деҳот барои беҳтар намудани шароити хизматрасонии тиббӣ дар деҳот мусоидат намуда, имкон фароҳам менамояд, ки ба ҳифзи сиҳатии аҳолӣ тақвият дода шуда, сокинони деҳот аз хизматрасонии босифати тиббӣ таъмин бошанд.
Раиси вилоят кормандони тиббро муваззаф намуданд, ки ба мардум хизмати босифат расонанд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон