ПАНҶ: БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РАФТИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ ВА ЧАРОҒОНКУНИИ ДЕҲАИ БУРХИЁН

Имрӯз, 26 июл, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар деҳаи Бурхиёни ҷамоати деҳоти Меҳвари ноҳияи Панҷ бо рафти корҳои ободонӣ ва чароғонкунии деҳаи мазкур шинос шуданд.

Бо мақсади ободу зебо гардонидани маҳали зист, тозаву озода ва чароғон намудан ҷиҳати иҷрои дастуру ҳидоятҳои арзишманди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати вусъат бахшидан ба корҳои ободонӣ ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Бурхиёни ҷамоати деҳоти Меҳвар дар доираи нақшаи чорабиниҳо корҳои ободонӣ оғоз гардидаанд.

Аз тарафи сокинони деҳаи Бурхиён ва шахсони саховатманд бо мақсади чароғонкунӣ 32 адад поясутунҳои оҳанин бо маблағи 39 ҳазор сомонӣ харидорӣ намуда, корҳо дар ин самт идома доранд.

Раиси вилоят зимни суҳбат бо сокинон ташаббуси онҳоро намунаи ибрат хонда, равшаннамоии деҳаро ҷиҳати пешгирӣ аз садамаҳо, равуои бемамониати пиёдагардон ва ронандагон муаасир арзёбӣ намуданд.

Сокинон низ иқдом гирифтанд, ки барои боз ҳам зебову назаррабо гардидани деҳа аз тамоми имкониятҳо истифода хоҳанд бурд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles