ПАНҶ: БОЗДИД АЗ САМАРАНОК ИСТИФОДАБАРИИ ЗАМИН, КИШТИ ТАКРОРИИ САБЗӢ ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “КАВРАКБОБО”
Имрӯз, 26 июл, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар деҳаи Саройкамари ҷамоати деҳоти Намунаи ноҳияи Панҷ бо фаъолияти хоҷагии деҳқонии «Кавракбобо» шинос шуда, дар кишти сабзӣ иштирок намуданд.
Дар асоси дастуру ҳидоятҳои доимии Пешвои миллат вобаста ба таъмини маводи дусолаи озуқворӣ ва истифодаи самараноки заминҳои таъйиноти кишоварзӣ, аз ҷумла заминҳои хоҷагии деҳқонии сокинон кор дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст.
Хоҷагии деҳқонии мазкур соли 2009 таъсис ёфта, майдони умумиаш 2 гектарро ташкил дода, дар 1,4 гектар пахтакорӣ, 0,40 гектар кишти сабзӣ, 0,20 гектари сабзвоткориро ба роҳ мондааст. Роҳбари хоҷагӣ Умаров Раҳим мебошад.
Кишоварзони ноҳия соли равон бо истифодаи пурсамару мақсадноки заминҳои корам ҷиҳати зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, бахусус маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва содиротӣ тадбирҳои зарурӣ андешида истодаанд.
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид бо кишоварзон суҳбати самимӣ намуда, ба онҳо оид ба истифодаи оқилонаи замин ва анҷоми саривақтии корҳои саҳроӣ дастуру маслиҳати муфид доданд.
Дар маҷмуъ хоҷагидорони ноҳияи Панҷ дар ҳама бахшҳои соҳаи кишоварзӣ дастовардҳои назарраси меҳнатӣ дошта, дар татбиқи яке аз ҳадафи Стратегии мамлакат, таъмини амнияти озуқаворӣ фаъолона саҳмгузоранд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон