ЁВОН: БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ САМАРАНОК ИСТИФОДАБАРИИ ЗАМИН ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “МУРТАЗО” ВА ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ АНГУР

Рӯзи 24 июл, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон аз самаранок истифодабарии замин дар хоҷагии деҳқонии “Муртазо” боздид намуда, дар маъракаи ҷамъоварии ҳосили ангур иштирок намуданд.

Хоҷагии мазкур барои пешбурди кори соҳаи кишоварзӣ бо 21 гектар замини кишт таъмин буда, дар майдони 7 гектар боғи ангури навъҳои Аватар, Президентӣ, Ҳусайнӣ ва Мерс бунёд намудааст. Дар боғи ангур парвариш ба таври замонавӣ роҳандозӣ гардида, айни ҳол ҳосили боғ пухта расидааст.

Иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади амалӣ гардонидани дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таъмини амнияти озуқаворӣ дар заминҳои хоҷагӣ парвариши хуби боғу токзори интенсивии ба содирот нигаронидашуда ба роҳ монда шудаст.

Раиси вилоят зимни шиносоӣ ба хоҷагидор барои дар оянда зиёд намудани майдони боғ ва афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли мева дастуру супоришҳои муфид доданд. Инчунин, раиси вилоят аснои шиносоӣ бо фаъолияти аҳли заҳмати хоҷагии деҳқонии “Муртазо” ба иқдоми шоистаи хоҷагидорон баҳои баланд дода, онҳоро ба истифодаи мақсадноку оқилонаи замин, рӯёнидани ҳосили фаровони маҳсулоти кишоварзӣ, бахусус сабзавоти барвақтӣ ва таъмини бозори истеъмолию рушди соҳа ҳидоят намуданд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles