ЁВОН: БОЗДИД АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР КОРГОҲИ ИСТЕҲСОЛИ ОҲАКИ СОХТМОНИИ ҶДММ «ҒАЮР ИНДАСТРИАЛ»
Рӯзи 24 июл, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар деҳаи Дарагии ноҳияи Ёвон аз рафти корҳои сохтмонӣ дар коргоҳи истеҳсоли оҳаки сохтмонии ҶДММ «Ғаюр индастриал» боздид намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки коргоҳи истеҳсоли оҳаки сохтмонии ҶДММ «Ғаюр индастриал» бо ворид ва васлу насби таҷҳизотҳои муосири истеҳсолӣ таҷдиду азнавсозӣ гардидааст.
Тибқи хулосаи мутахассисон коргоҳ маҳсулоти ба стандартҳои муқарраршуда мутобиқ истеҳсол намуда, ба содирот нигаронида шудааст. Аз ҳоло барои харидории оҳаки сохтмонӣ аз Ҷумҳурии Қазоқистон дархостҳо ворид шудааст.
Ба раиси вилоят иттилоъ доданд, ки айни замон корҳои васлу насби таҷхизотҳои истеҳсолӣ ва дигар корҳои ободонии дохил ва атрофи коргоҳ идома дорад ва пас аз баистифодадиҳӣ зиёда аз 400 ҷойи корӣ ташкил карда мешавад.
Бунёди иншооти мазкур дар доираи татбиқи ҳадафҳои миллӣ — “Солҳои 2022–2026 — Солҳои рушди саноат” амалӣ гардида, дар татбиқи барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла рушди инфрасохтор, муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ ва беҳбудии сатҳи зиндагии аҳолӣ нақши муҳим хоҳад мегузорад.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон