БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ОҒОЗИ КОРҲОИ МУМФАРШКУНИИ 1,5 КМ РОҲИ АВТОМОБИЛГАРДИ АҲАМИЯТИ МАҲАЛЛИДОШТАИ ШАҲРАКИ ЁВОН- МЕҲРОБОД- ДАСТГИРАК- НАВОБОД ВА ПУЛИ МОШИНГУЗАР БАЪДИ ТАҶДИДУ АЗНАВСОЗӢ

БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ОҒОЗИ КОРҲОИ МУМФАРШКУНИИ 1,5 КМ РОҲИ АВТОМОБИЛГАРДИ АҲАМИЯТИ МАҲАЛЛИДОШТАИ ШАҲРАКИ ЁВОН- МЕҲРОБОД- ДАСТГИРАК- НАВОБОД ВА ПУЛИ МОШИНГУЗАР БАЪДИ ТАҶДИДУ АЗНАВСОЗӢ

Рӯзи 24 июл, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо рафти корҳои сохтмонии роҳи автомобилгарди аҳамияти маҳаллидоштаи шаҳраки Ёвон- Меҳробод- Дастгирак- Навободро шинос шуданд.

Мумфаршкунии роҳи автомобилгарди аҳамияти маҳаллидоштаи шаҳраки Ёвон- Меҳробод- Дастгирак- Навобод ба масофаи 1,5 ктлометр бо саҳми маҳал ба маблағи 800 ҳазор сомонӣ оғоз мегардад.

Пули мошингузар дар киллометри 2-юми роҳи автомобилгарди шаҳраки Ёвон- Меҳробод- Дастгирак- Навобод болои шохобаи Р-2 ҷойгир буда, дар ҳолати ногувор қарор дошт ва бо маблағи 150 ҳазор сомонӣ таъмиру азнавсозӣ гардидааст.

Раиси вилоят иқдоми мазкурро намунаи олии ватандорӣ арзёбӣ намуда, ба сокинон барои анҷоми чунин кори шоиста сипосу миннатдорӣ баён намуданд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles