ЁВОН: ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ БО ЛОИҲАИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ

Рӯзи 24 июл, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар деҳаи Ҷойламаи ҷамоати деҳоти Ҳасан Ҳусейнови ноҳияи Ёвон бо лоиҳаи бинои муассисаи таълимӣ барои 480 хонанда дар як баст шинос шуданд.

Лоиҳаи бинои муассисаи таълимӣ аз 2 ошёна иборат буда, аз 16 синфхона, 1 китобхона ва 4 утоқи иборат мебошад ва бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ бунёд мегардад.

Раиси вилоят аснои шиносоӣ бо лоиҳа ташаббуси соҳибкорро намунаи ибрат хонда, ин кори хайрро барои рушди соҳаи маориф муҳим арзёбӣ намуданд. Инчунин, раиси вилоят гуфтанд, ки пас аз анҷоми сохтмон барои таъмини мизу курсӣ ва дигар лавозимоти таълимӣ кӯмак хоҳем кард.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles