ЁВОН: ИФТИТОҲИ ТОЛОРИ ВАРЗИШӢ БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ

Рӯзи 24 июл, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар деҳаи Меҳрободи ҷамоати деҳоти Ҳасан Ҳусейнови ноҳияи Ёвон толори варзиширо ифтитоҳ намуданд.

Сохтмони толори варзишӣ дар доираи Барномаи корҳои ободонӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта ба истифода дода шуд.

Толори варзишӣ бо саҳми маҳал ба маблағи 400 ҳазор сомонӣ бунёд гардида, бо таҷҳизотҳои варзишӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Инчунин, майдончаи варзишӣ барои бозии футбол низ ифтитоҳ гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки дар толори варзишӣ дар як вақт 40 нафар ҷавонон ба машқу тамрин фаро гирифта мешаванд.

Раиси вилояти Хатлон зимни суҳбат бо ҷавонону наврасон зикр намуданд, ки ба машғулиятҳои варзишӣ дар вақтҳои холигӣ машғул шудан яке аз роҳҳои муфиди пешгирӣ аз гаравидан ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракат ва ақидаҳои иртиҷоӣ мебошад.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба сифати корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти муосири варзишӣ баҳои баланд доданд. Бо таваҷҷуҳ ба ин ки варзиш дар ҷаҳони муосир яке аз василаҳои муҳимтарини муаррифии миллату давлат ба ҳисоб меравад, раиси вилоят аз ҷавонон даъват ба амал оварданд, ки бештар ба варзиш машғул шаванд ва тарзи ҳаёти солимро шуғли доимии худ интихоб намоянд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles