Рӯзи 24 июл, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар минтақаи саноатии деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон бо рафти корҳои сохтмонӣ ва васлу насби таҷҳизотҳои технологӣ дар коргоҳи истеҳсоли хиштҳои гаҷии ҶДММ «Файзи гаҷ» шинос шуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки иншооти мазкур аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ, соҳибмулки ҶДММ «Файзи гаҷ», дар бинои истеҳсолии собиқ корхонаи таъмири механикӣ (РМЗ) ба маблағи 3 миллион сомонӣ таъсис ёфта истодааст.
Коргоҳ дар як сол иқтидори истеҳсоли 1,5 миллион дона хишти гаҷиро доро мебошад. Дар баробари мавриди истфода қарор гирифтани коргоҳ 18 нафар сокинон бо ҷойҳои кории доимӣ таъмин мегарданд.
Ба раиси вилоят иттилоъ доданд, ки айни замон корҳои васлу насби таҷхизотҳои истеҳсолӣ ва дигар корҳои ободонии дохил ва атрофи коргоҳ идома дорад.
Бунёди иншооти мазкур дар доираи татбиқи ҳадафҳои миллӣ — “Солҳои 2022–2026 — Солҳои рушди саноат” амалӣ гардида, дар татбиқи барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла рушди инфрасохтор, муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ ва беҳбудии сатҳи зиндагии аҳолӣ нақши муҳим хоҳад мегузорад.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон