Рӯзи 24 июл, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар шаҳраки Ҳаёти Нави ноҳияи Ёвон аз омодагии мошинаҳои пахтачинии нав дастрасшуда дар ҶДММ “Анис Ёвон” барои ҳосили пахтаи соли 2025 боздид намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Анис Ёвон» барои пешбурди кори соҳаи кишоварзӣ, махсусан соҳаи пахтакорӣ, яъне саривақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахта ба ноҳия 3 адад мошинаҳои пахтачинии истеҳсоли Ҷумҳурии мардумии Чинро ба маблағи умумии 1,5 миллион сомонӣ харидорӣ намуда, ба ноҳия ворид намудааст, ки омодаи кор мебошанд.
Ҳар як мошинаи пахтачинии воридгардида метавонад дар як шабонарӯз ҳосили аз 8 то 10 гектар пахтаро ҷамъоварӣ намояд.
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид таъкид намуданд, ки маҳз бо меҳнати пайваста ва фидокорона мо метавонем ба амалишавии яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон-таъмини амнияти озуқаворӣ ноил гардем ва дар ин замина сатҳи зиндагии мардуми кишвар беҳтару хубтар шавад.
Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷаласаи васеи ҳукумат ба кишоварзон баён доштанд, имсол дар вилояти Хатлон дар майдони 124,5 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад, ки ин ин шумор 41 ҳазор гектараш бо усули нави зери плёнка кишт карда мешавад.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Мулоқотҳо
Навид
Раиси вилоят
Сармоягузорӣ
Сафарҳо
Соҳибкорӣ
Хабарҳои рӯз
ЁВОН: БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ОМОДАГИИ МОШИНАҲОИ ПАХТАЧИНИИ НАВ ДАР ҶДММ “АНИС ЁВОН”
- 25.07.2025
- Latest Update: 25.07.2025 07:54
- 63
- Less than a minute
ЁВОН: БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ОМОДАГИИ МОШИНАҲОИ ПАХТАЧИНИИ НАВ ДАР ҶДММ “АНИС ЁВОН”
You can share this post!