ЁВОН: БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ПАРВАРИШ ВА НАШЪУНАМОИ ПАХТА ДАР ЗАМИНҲОИ КИШОВАРЗИИ ҶДММ «КИШОВАРЗИ АСИЛ»

Рӯзи 24 июл, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар ҷамоати деҳоти Ситораи Сурхи ноҳияи Ёвон аз рафти парвариш ва нашъунамои пахта дар заминҳои кишоварзии ҶДММ «Кишоварзи асил» боздид намуда, бо фаъолияти ҷамъият шинос шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки ҷамъият соли ҷорӣ дар майдони 140 гектар пахта кишт намуда, бо ҷалби 20 нафар кормандон ва техникаҳои соҳавӣ парвариши онро идома дода истодааст.

Таваҷҷуҳи асосӣ ба ҳолати нигоҳубини босифати ниҳолҳои пахта, риояи агротехникаи дуруст ва истифодаи самараноки нуриҳо равона гардидааст. Бо роҳандозӣ намудани тадбирҳои саривақтӣ ва корбарии дуруст, алҳол ниҳолҳои пахта дар марҳилаи муътадили нашъунамо қарор дошта, рафти корҳои сарчинкунӣ, обмонӣ, мубориза бар зидди ҳашароти зараррасон ва дигар чорабиниҳои марбути соҳа бамаврид ба роҳ монда шудааст. Бо мақсади баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва самаранокии истеҳсолот, тадбирҳои иловагии агротехникӣ амалӣ шуда истодаанд.

Раиси вилоят зимни шиносоӣ аз нашъунамои пахта изҳори қаноатмандӣ намуда, самараи меҳнати аҳлонаи онҳоро намуна арзёбӣ карданд. Раиси вилоят бо хоҷагидор суҳбат ороста, барои боз ҳам истифодаи босамари замин ва истеҳсоли бештари маҳсулоти кишрварзӣ ба онҳо маслиҳату тавсияҳои судманд доданд.

Кишоварзони ноҳия соли равон бо истифодаи пурсамару мақсадноки заминҳои корам ҷиҳати зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, бахусус маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва содиротӣ тадбирҳои зарурӣ андешида истодаанд.

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷаласаи васеи ҳукумат ба кишоварзон баён доштанд, имсол дар вилояти Хатлон дар майдони 124,5 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад, ки ин ин шумор 41 ҳазор гектараш бо усули нави зери плёнка кишт карда мешавад.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles