Имрӯз, 20 июл, дар ҳошияи сафари кории Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар деҳаи Сайроби ҷамоати деҳоти «Панҷоб» корхонаи коркарди сангу шағали ҶДММ «Дӯстии Ҳамадонӣ”-ро ба истифода дод.
Иншооти мазкур ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади рушди соҳаи сохтмони ноҳия, бунёди хонаҳои нави истиқоматӣ, таъмиру барқарорсозии роҳҳо ва дигар эҳтиёҷоти сохтмонӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
Корхона аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Раҳмонов Шукрихудо дар масоҳати 12 гектар замин ба маблағи 8 миллион сомонӣ бунёд гардида, бо таҷҳизоти наву замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.
Иқтидори корхона дар як соат коркарди 120 метри кубӣ сангу шағалро ташкил дода, пас аз баистифодадиҳӣ 20 нафар ба ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд.
Бунёди иншооти мазкур дар доираи татбиқи ҳадафҳои миллӣ – “Солҳои 2022-2026 – Солҳои рушди саноат” амалӣ гардида, дар татбиқи барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла рушди инфрасохтор, муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ ва беҳбудии сатҳи зиндагии аҳолӣ нақши муҳим мегузорад.
Ҳангоми боздид раиси вилоят Давлаталӣ Саид ба сифати корҳои сохтмонӣ ва раванди истеҳсол таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, изҳор дошт, ки бунёди чунин корхонаҳо дар вилоят ба рушди соҳаи саноат, зиёд гардидани ҷойҳои нави корӣ ва дастрасии аҳолӣ ба маҳсулоти сохтмонии ватанӣ бо нархи дастрас мусоидат менамояд.
Бо мақсади боз ҳам густариш додани фаъолияти истеҳсолӣ ва тақвияти иқтидори саноатии маҳал, дар паҳлуи ҳамин корхона аз ҷониби соҳибкор Раҳмонов Шукрихудо сохтмони корхонаи истеҳсоли семент низ ба нақша гирифта шудааст.
Амалӣ гардидани ин ташаббус ба таъмини бозори дохилӣ бо масолеҳи сохтмонии ватанӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат менамояд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон